Activities calendar

09 апреля 2020

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Квинт Ҳоратсий

Квинт Ҳоратсий Флакк ҳамзамони Вергилий буда, намояндаи ҷараёни анъанавии замони Август буд. Ў дар Венузи ном шаҳри Италия дар оилаи ғуломи озоде таваллуд ёфтааст. Падараш тавонистааст ба фарзанди худ маълумоти хуб диҳад. Дар ибтидо Ҳоратсий дар Рум  таҳсил намуда, сониян ба Афина омада, назми Юнон ва фалсафаи онро омўхтааст.

Дар ҳамин давра ба Юнон яке аз кушандагони Сезар – Брут меояд ва Ҳораттсий ҷавон ба лашкари ў дохил мешавад ва дар муҳорибаи назди Флипп иштирок мекунад. Муҳориба бо шикасти лашкари Брут ба охир мерасад. Дар натиҷаи афв Ҳоратсий ба Рум  бармегардад ва бо эҷоди шеър шуруъ менамояд. Баъд ба

Сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва nahzat.ru баста шуданд

 Додгоҳи олии Тоҷикистон хабар дод, ки сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ва nahzat.ru, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуданд

  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бастани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Рӯзи кайҳонавардон дар маҳфили “Дастони моҳир”

 Кайҳон ва кайҳонавардӣ. Мо ин номҳоро зиёд шунидаему навору филмҳои зиёдеро ҳам тамошо кардаем. Кайҳоннавардӣ  - тадқиқоти фазои кайҳонӣ бо ёрии дастгоҳҳои кайҳон аст, ки аз тарафи инсон идора мешавад. Аввалин маротиба азхудкунии кайҳон 4 октябри соли 1957 аз тарафи олимони Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ монда шуда буд, дар ин рӯз ба кайҳон сафинаи фазоиро фиристоданд.

Рӯзи 12 апрели соли 1961 соати 9 пагоҳирӯзии вақти Москва кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» аз космодроми