Таърихи адабиёти ҷаҳон. Квинт Ҳоратсий

Квинт Ҳоратсий Флакк ҳамзамони Вергилий буда, намояндаи ҷараёни анъанавии замони Август буд. Ў дар Венузи ном шаҳри Италия дар оилаи ғуломи озоде таваллуд ёфтааст. Падараш тавонистааст ба фарзанди худ маълумоти хуб диҳад. Дар ибтидо Ҳоратсий дар Рум  таҳсил намуда, сониян ба Афина омада, назми Юнон ва фалсафаи онро омўхтааст.

 Дар ҳамин давра ба Юнон яке аз кушандагони Сезар – Брут меояд ва Ҳораттсий ҷавон ба лашкари ў дохил мешавад ва дар муҳорибаи назди Флипп иштирок мекунад. Муҳориба бо шикасти лашкари Брут ба охир мерасад. Дар натиҷаи афв Ҳоратсий ба Рум  бармегардад ва бо эҷоди шеър шуруъ менамояд. Баъд ба маҳфили адабии Метсенат дохил шуда, ёрии ҳаматарафа мебинад ва оҳиста – оҳиста аз ҷумҳурихоҳон канора ҷуста, ба Октавиан наздик мешавад ва ба таъбири Пушкин «вассофи Август» мегардад.

 Дар солҳои 30 – юми асри I то мелод маҷмўаи осори давраи пешини ў – «Эпод» мураттаб мегардад, ки аз 17 суруд иборат аст. Дар  «Эпод» Ҳоратсий ба мавзўҳое дахолат намудааст, ки барои ҳақиқати замони ў хос буданд. Ў изтироби худро нисбат ба ҷанги тўлкашидаи дохилӣ, ки ба вайроншавии Рум боис шудааст, изҳор намуда, орзуи маконе мекунад, ки дар он ҷо сулҳу оромӣ ҳукмрон бошад.

  Дар ҳамин давра Ҳоратсий ду китоби худро бо номи «Сатира» навиштааст. Дар «Сатира» – и худ Ҳоратсий то андозае аз таҷрибаи асосгузори жанри ҳаҷв, шоири асри II– Рум  Лутсилий ў тарғиботи сиёсии замонро танқид накарда, танҳо бо муҳокимаҳои ахлоқию фалсафӣ ва ахлоқию этикӣ қаноат намудааст.

  Ҳоратсий дар як қатор ҳаҷвияҳои худ баъзе лаҳзаҳои ҳаёти худашро инъикос намудааст. Аз ҷумла, ҳаҷвияи панҷуми китоби аввал ҳамин гуна хусусият дошта, шоир дар он саёҳати худро ба Брундиз нақл намудааст. 

 Дар як қатор ҳаҷвияҳои дигараш, ки дар мавзўъҳои одоб эҷод шудаанд, муносибати худро ба ҳаҷви Лутсилий маайян намуда, фаҳмиши худро оид ба ин жанр асоснок намудааст.

  Асари аҳамиятноки Ҳоратсий ин маҷмуаи мадҳияҳои ў мебошад. Маҷмуаи нахустини шеърҳои лирики ў, ки бо номи «Мадҳия» (ё «Қасида») машҳур аст, соли 23 то мелод ба дасти хонанда расидааст. Ба он 3 китоби мадҳия, ки аз 88 шеър иборат аст, дохил шудааст. Ин ашъор байни солҳои 31 – 23 –и то мелод навишта шудаанд. Китоби охирин –чорумин қасидаҳои ў дар соли 13 то мелод ба дасти хонанда расидааст.

      Дар «Қасидаҳои румӣ» Ҳоратсий Август ва раёсати ўро ситоиш менамояд.

Шўҳрати ҷаҳониро мадҳияи 30 – юми китоби сеюми Ҳоратсий, ки бо номи «Ҳайкал» машҳур аст, ба даст овардааст, ки дар он шоир оид ба шўҳрати баъдимаргияш сухан мегӯяд.

   Асари охири Ҳоратсий «Пайғом» буда, аз ду китоб иборат аст. Китоби аввал дар соли 20 ва китоби дуюм дар соли 14 – и то мелод ба дасти хонанда расидааст.

  Агар Ҳоратский дар «Ҳаҷвиёт» – аш фисқу фуҷури одамонро фош карда бошад, дар «Пайғом» принсипҳои умдаи нақшаи ҳаёташро иникос намудааст. Образи одамонеро тасвир намудааст, ки дар замони режими Август мустақилияти ботинии худро нигоҳ доштаанд.

 Китоби дуюми «Пайғом» аз се номаи манзуми ба мавзўи адабӣ бахшида иборат аст. Умуман «Пайғом» ба унвони «Илми шеър» – низ машҳур аст. Дар шакли сўҳбат Ҳоратсий ақидаи худро оид ба назм баён мешавад ва ба эҷодкорони ҷавон маслиҳати муфид медиҳад, ки чӣ тавр бояд навишт.

  Дар асрҳои баъдина осори Ҳоратсий ҳаводорони зиёде пайдо намуд. Дар замони Эҳё хусусан мадҳиёти ў шўҳрат пайдо намуд.

Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001

Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.