Оре, метавонем маҳфили навбатии “Дастони моҳир”-ро ҳамин гуна номгузорӣ кунем: МЕҲРГОНУ ЛАЪЛИИ ПУР АЗ МЕВА. Ва Меҳргон, ки ҷашни ҳосил ва тирамоҳ аст, лаълии пур аз меваи тару тоза низ хоси ҳамин мавсим аст. Пас мо ба бачаҳо дар ин бора ҳарф задем ва гуфтем, ки нишони Меҳргонро бояд дар ин миз дид. Лаълии пур аз меваҳои тару тоза.
Вале Меҳргон чист? Лозим омад бори дигар ёдрас кунем ва мухтасар аз таърихи ин ҷашни ниёгон ҳарф занем, то бачаҳо донанд, ки чаро он “Меҳргон” ном дорад ва он чӣ ҷашвораест.
Меҳрогон, яке аз қадимтарин идҳост, ки дар байни қавмҳои эронӣ расм шудааст. Меҳргон аз вожаи «меҳр» корбаст шудааст, ки шакли аввалаи «Митра» - номи яке аз бузургтарин эзадони ҳиндуэронӣ аст ва 1400 сол то милод дар сангнавиштаҳо ҳак шудааст.
Меҳргон яке аз қадимтарин идҳои фасли сол аст, ки таърихи ҳафтҳазорсола дошта, баъд аз ҷашни Наврўз дуюмин иди муборак ва пуршукўҳи ниёгонамон ба ҳисоб мерафт. Тибқи тақвими зардуштии авестоӣ Меҳргон рўзи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад, ки он ба 16-уми Меҳрмоҳ мутобиқ ба 22 октябри солшумории григорианӣ рост меояд. Ҳар сол дар Тоҷикистони азизамон низ ин чашнро 22-октябр ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамин тариқ Меҳргон баробари рушди деҳқонӣ пайдо шудааст ва онро баъди ғунучини ҳосил ид мекардаанл. Деҳқонҳо ба пешвози Меҳргон ҳашар мекарданд, сарулибоси нав мепўшиданд, сайру базмҳо анҷом медоданд, шоирон дар васфи Мехргон шеърҳо менавиштанд. Ҳофизону мутрибон ба муносибати ин ҷашни бузург суруду оҳангҳои ҷашнӣ эҷод мекарданд, ки онҳо «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурдак» ва ғайра ном доштанд.
Хонандагон баъди маълумоти муаллимаҳо ба сохтани лаълии пур аз мева оғоз намуданд. Сипас онҳо дар бораи иди Меҳргон шеърҳо қироат намуданд.
Малико, ҷашни Меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Хаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ
Ба дили боғу бустон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад.
Масъуди Саъди Салмон дар рўзҳои Меҳргон ҳамеша ба ҳамдигар Меҳрубон буданро таъкид мекунад:
Рўзи меҳр аст, меҳрубонӣ кун,
К-аз ҳама чиз меҳрубонӣ беҳ.