Ин китоб соли гузашта, бахшида ба 80-солагии адиби маъруф Баҳроф Фирӯз чоп шуда буд. Дар ин маҷмўа ҳикояҳои нависандаи ширинбаёни тоҷик Баҳром Фирўз гирд оварда, асосан ба ҷавонон нигаронида шудаанд. Ҳикояҳо беш аз 40 сол пеш навишта шуда бошанд ҳам, мавзўъ, дарунмоя ва муҳтавояшон ҳоло ҳам басо зарурӣ, дар тарбияи ҷавонон, масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд аҳамияти хеле баланд доранд.
Забони сода, шевою равони адиб ва банду басти ҳикояҳо ҳар хонадаро водор месозад, ки баъди анҷоми ироати ҳар яки он ҷиддан ба андеша фурў равад ва барои худ хулосаи дурусти зарурӣ бароварда тавонад.
Бо ҳаёт, фаъолият ва осори адиби маъруф Баҳром Фирӯз метавонед аз ин тариқ бештар ошноӣ пайдо кунед: БАҲРОМ ФИРӮЗ
Сайрон Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон