Activities calendar

01 июня 2020

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Данте Алигери (1265 –1321)

 Алигери Денте аз чеҳраҳои маъруфи тамаддуни ҷаҳонӣ ва аз шахсиятҳои барҷастаи адабиёти замони Эҳёи Италия буда, барои озодии инсон, қадри хиради инсонӣ ва барқарор намудани забони модарияш –италявӣ то охири ҳаёташ мубориза бурдааст. Ф. Энгелс дар бораи Данте чунин гуфтааст: «Вопасин шоири асрҳои миёна ва нахустин шоири замони нав».  Данте ҳанўз аз қайди як қатор фаҳмишҳои асримиёнагӣ раҳоӣ наёфта, дар як вақт ба адабиёти ҷаҳон ақоиди тозаи гумистиро ворид сохт.

 

Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон муборак!

Рўзи ҳифзи кўдакон ҷашни байналмилаллӣ мебошад, ки аз соли 1950 инҷониб таҷлил мегардад. Тоҷикистон чун узви ҳамин ҷомеаи байналмилалӣ ҳамасола ин рӯзро ҷашн мегирад. Ҳамасола ин рӯз дар Тоҷикистон низ бо шукуҳ таҷлил мешуд, беҳтарин расмҳо ва аксҳои кўдакон ба  тамошо гузошта мешуданд, консертҳои идона ташкил мегардид. Вале имсол чун дар тамоми олам ин рӯз таҷлил намешавад. Бемории короновирус ҳамин лаҳзаҳои хурсандии кӯдаконро ҳам гирифт.