Таърихи адабиёти ҷаҳон. Данте Алигери (1265 –1321)
Нашр шуд 2020-06-01 16:25
Алигери Денте аз чеҳраҳои маъруфи тамаддуни ҷаҳонӣ ва аз шахсиятҳои барҷастаи адабиёти замони Эҳёи Италия буда, барои озодии инсон, қадри хиради инсонӣ ва барқарор намудани забони модарияш –италявӣ то охири ҳаёташ мубориза бурдааст. Ф. Энгелс дар бораи Данте чунин гуфтааст: «Вопасин шоири асрҳои миёна ва нахустин шоири замони нав». Данте ҳанўз аз қайди як қатор фаҳмишҳои асримиёнагӣ раҳоӣ наёфта, дар як вақт ба адабиёти ҷаҳон ақоиди тозаи гумистиро ворид сохт.
Муборизаи наву кўҳна дар фаъолияти Данте бо бартарии нав инъикос шудааст. Фаҳмиши амиқи инкишофи ҷамъият ва дурнамои он Дантеро, ки аз табақаи ашроф аст, маҷбур кардааст, ки худро ба ҳаёти мардуми одии шаҳр бипайвандад. Минбаъд Данте чун чеҳраи намоёни сиёсӣ ба муқобили онҳое мубориза бурдааст, ки ба озодӣ ва мустақилияти шаҳр таҳдид менамуданд, хусусан, ба муқобили Попи Рум –Бонифатсии YII, ки шаҳри Флоренсияро тобеи ҳокимияти худ кардан мехост.
Баъдан Данте (охири соли 1301) бо сабаби талаби гурўҳҳои тарафдори Попи Рум аз Флоренсия ронда мешавад ва дар ҳолати бозгашти беиҷозат ба Флоренсия дар оташ бояд сўзонда мешуд.
Аммо фаъолияти сиёсии Данте дар бадарға на танҳо суст нагардида, балки такомул ёфт ва минбаъд на танҳо аз номи Италяи тақсимшуда, балки аз номи тамоми инсоният баромад мекард.
Навоварӣ ҳанўз дар асарҳои давраи ибтидоии эҷодиёти ў, аз ҷумла, дар асари «Ҳаёти ман» (1291) мушоҳида мещавад. Ин асарест, ки дар он насри бадеӣ ба назм омезиш ёфта, фарогири мавзўи муҳаббат аст ва аз ишқи самими ў ба дўстонаш Беатрича ҳикоят мекунад. Ин китоб ба ҳимоя ва шўҳрати ишқ бахшида шуда, ҳолатҳое тасвир шудаанд, ки дар адабиёти мазҳабӣ мамнўъ буд ва дар адабиёти моҷаронигорӣ на ҳама вақт самимӣ инъикос меёфт.
Дар осори ў аз ҷумла дар расилоҳои илмиаш «Доир ба нутқи халқ», «Дар бораи монархия» низ навоварӣ ва ситоиши ақидаи гуманистӣ мушоҳида мешавад. Дар рисолаи «Доир ба нутқи халқ» исбот кардааст, ки забони модарии ў –италявӣ низ метавонад забони илм ва адабиёт бошад.
Рисолаи «Дар бораи монархия», ки то соли 1896 дар номгўи китобҳои хонданаш мамнўъ зикр мегардид, як навъ изҳори норизоӣ ба муқобили калисои румӣ –католикӣ аст
Дар бадарға Данте ба эҷоди бадеӣ баргашта, дар ибтидо силсилаи ашъори лирикӣ меофарад, ки чун нашиди ғолибияти муҳаббат садо медиҳад.
Баъд асари асосии худ –достони этики «Мазҳакаи илохӣ» –ро эҷод менамояд. Ин асар қуллаи олии эҷодиёти Данте буда, аз 3 қисм иборат аст. «Дўзах», «Аъроф», «Биҳишт». Унвони қисматҳо ба фаҳмиши асримиёнагии католики Европаи Ғарбӣ оид ба охират мувофиқ аст.
Данте бофтаҳои хаёлии инсониятро дар бораи охират ба зиндагии заминӣ муқоиса намуда, биҳишт ва дўзахро тасвир мекунад. Мақсади Данте дар ин ҳолат низ мубориза ба муқобили бадӣ ва бадхоҳӣ аст. Аз нигоҳи Данте ҳар шахси ба инсон бадикарда ба дўзах меравад.
Аз ин нигоҳ ба дўзах ҷой додани поп Николай III ва ҷой омода намудан барои ҷойнишини ў Бонифатсий на догмаи католикӣ, балки сирф фаҳмиши гуманистии ҳаёт ба ҳисоб мерафт.
Данте дар ин асар барои одамони бад намудҳои гуногуни ҷазоҳоро низ тасвир намудааст. Аз ҷумла, барои онҳое, ки халқро ба ҷангу хунрези водор сохтаанд, ҷазои сахтарин, яъне зинда ба оби ҷўш андохтанро раво дидааст. Аз ин ҳам ҷазои сахтаринро барои хоинон раво дидааст.
Ақидаҳои гуманистии Данте асосан дар қисматҳои дуюму сеюми ин асар «Аъроф» ва «Биҳишт» инъикос ёфтаанд.
Манбаъ: Донишномаи озод; “Адабиёти ҷаҳон” барои синфҳои 10-11. Муаллифон: М.Зайниддинов, А. Худойдодов. Душанбе, 2001
Таҳияи Фирӯза Раҳимова, мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.