Зарфи ду ҳафтаи аввали соли ҷорӣ 3 ҳазору 338 нафар вориди толори хониши шуъбаи кӯдакон ва наврасон шудаанд. Афзоиш бесобиқаи сафи хонандагон эҳтимолан ба рӯзҳои таътили зимистона вобаста аст. Яъне, хонандагон нишастан дар хонаву бозӣ дар кӯчаро бо китобу китобхона иваз кардаанд.
Кормандони шуъбаи кӯдакон ва наврасон ба дархости хонандагони навраси худ тӯли ин ду ҳафта 10 ҳазору 128 китоб додаанд.
Зарфи ду ҳафтаи аввали соли 2017 ба толори хониши шуъба 2 ҳазору 405 нафар ҳамагӣ 2 ҳазору 424 китоб дархост ва мутолиа карда буданд.
Аз омори қиёсӣ маълум мешавад, ки дар ним моҳи аввали соли 2018 шумори хонандагони шуъба беш аз ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Ҳолатҳое буданд, ки дар толори хониш ҷойи нишаст пайдо намешуд. Баъзан хонандагон китобҳоеро ҳам дархост мекарданд, ки дар толори хониш нест ва кормандон онҳоро аз бойгонӣ ва шуъбаҳои дигар дастрас ва хидмати алоқамандони навраси худ қарор медоданд.
Боиси хушнудист, ки ҷавонону наврасон бештар ба китобу китобхонӣ ҷалб мешаванд. Толорҳои холии солҳои пеш дар зимистонро ҳоло намебинем. Бахусус, рӯзҳои таътили зимистона ба китобхона омадану вақти худро на сарфи бозиҳои компутерӣ, балки мутолиаи китоб карданд, касро умедвор мекунад, ки миллат тадриҷан ба китоб баргмегардад. Ҳарчанд ба оҳистагӣ, вале бармегардад.