Сарсухани академик Абдулғанӣ Мироев ба китоби "Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ"

«Тоҷикон ва ўзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дўстию бародарӣ кўшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дўстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошад. Мо бояд барои халқҳоямон фазои дўстию самимияти ва ҳамдигарфаҳмию ҳамкориро, тавре дар замони Мавлоно Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ буд, Фароҳам орем».

Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

…Алишер навоӣ дўсти наздик ва ҳамкори тавонои Абдураҳмони Ҷомӣ (816/ 1414 – 898/ 1492) буд. Ҳамкории ин ду марди таърихӣ намунаи беҳтарини ҳамкорӣ ва муносибати бародаронаи ду халқи қадимии Мовароуннаҳр тоҷикон ва ўзбекон мебошад. Хизмати бузурге, ки онҳо махсусан дар тараққии маданият асри XV-и тоҷик нишон доданд, қобили муқоиса нест. Хизмати фидокоронаи ин ду шахси олиқадрро мо дар тамоми соҳаҳои дониши ин давра айнан мушоҳида карда метавонем. Дар адабиёт, илм, мусиқӣ, наққошӣ, фанни таърихнависӣ,  тазкиранигорӣ, санъати меъморӣ, сиёсат ва амсоли он, ки дар ин давра пешрафти азиме пайдо карда буданд, ҳеҷ як соҳаеро пайдо карда наметавонем, ки бешу кам бо номи ин ду симои бузург алоқае надоштабошад.

Самараи ин ҳамкорӣ азбаски дар илму адабӣ асри XV бузург аст, мо мувофиқ медонем, ки дар ҷашни бошуқўҳи Алишери Навоӣ баъзе лаҳзаҳои ҳамкорӣ ва суханони дар бораи фаъолияти адабӣ ва муҳаббати дўстонаи ҳамдигар баён кардаи ин ду устоди назмро боз як мартабаи дигар мухтасаран ёдоварӣ намоем. Оид ба фаъолияти адабӣ ва сиёсии Алишери Навоӣ ва ҳамкории ў бо Абдураҳмони Ҷомӣ таҳқиқоти зиёде нашр шудааст. Илова бар ин ки сарчашмаҳои адабӣ дар ин бора ахбороти муҳимеро дар бар гирифтаанд. Худи устод ҳам асарҳои ҷудогонаашон роҷеъ ба мавқеи адабӣ ва равобити байни ҳамдигар маълумоти хеле пурқиммате дарҷ кардаанд. Масалан, Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон», «Сабҳат-ул-Аброр», «Тўҳфат-ул-Аҳрор», «Юсуф ва Зулайхо», «Хираднома Искандарӣ» мавқеи адабӣ ва сиёсии Алишери Навоиро хеле баланд бардошта, оид ба чигунагии равобити дўстонаи байни ҳамдигар маълумот медиҳад; Алишери Навоӣ дар «Моҷолис-ун-Нафоис », «Хайрат-ул-Аброр», «Ширину Фарҳод», «Лайлию Маҷнун», ва «Садди Искандарӣ», роҷеъ ба мақоми Ҷомӣ ахбори муҳим пешкаш кардааст.

Вале дар байни осори ин ду устод ягона асаре, ки равобити адабии онҳо дар он ба хубӣ ҷамъбаст гардидааст, «Хамсат-ул-мутаҳайирин»-и Алишер Навоӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки ҳоло мо дар шарҳии мухтасари худ асосан ба маълумоти сарчашма такя хоҳем кард.

Ин китоб ҳанўз соли 1968 аз ҷониби муҳаққиқ ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев дар нашриёти «Ирфон» таҳия ва нашр гардида буд.

Инак бо тавлиди муносибатҳои нави дўстона ва бародарона байни ду кишвар Тоҷикистон ва Ўзбекистон, ки саҳифаи нав дар таърихи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии халқҳои бо ҳам дўсту бародар кушод, ин китоб ҳамчун армуғони дўстии ин ду халқи бо ҳам бародар аз нав рўйи чоп омад.

Аминем, ки китоби мазкур дар таҳкими дўсти, ҳамсоягӣ, равобити фарҳангӣ ва шинохти таърихи ин ду халқ  нақши арзишманд мегузорад.

Абдулғанӣ Мирзоев

Китоби “Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ” (Равобити адабӣ) бо сарсухани академик марҳум Абдулғанӣ Мирзоев соли гузашта дар нашриёти «Адабиёти бачагона» рӯйи чоп омад. Хонандагони гиромӣ метавонанд ин китобро дар толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи милли Тоҷикистон низ мутолиа намоянд.

Таҳияи  Саидғуфрон Шарифӣ,

мутахасиси шўъбаи кўдакон ва наврасон.