Моҳи ноябри соли 1913 васоити ахбори оммаи Британияи Кабир дар тамоми ҷаҳон хабареро оид ба додани Мукофоти Набелӣ дар бахши адабиёт, паҳн намуд, ки аз аз шунидани он ҳам аврупоиён дар ҳайрат монданду ҳам мардумони Шарқ. Ин хабар аз он лиҳоз боиси ҳайрат шуда буд, ки як шоири шарқӣ аз Ҳиндустони мустамликавӣ ба гирифтани чунин мукофоти олӣ ба мисли Мукофоти Нобелӣ сазовор шудааст. Ин шахсияти бузург Равиндранатҳ Тҳакур (1861-1914) буд, ки аллакай қариб сӣ сол боз дар ватани худ – Ҳиндустони бостонӣ ҳамчун адиби беҳамто шуҳрат дошт. Чунин мукофоти олӣ ба шоир барои он ашъоре, ки зери унвони «Гитанҷалӣ» (Gitanjali) маълум аст, муносиб дониста шуд. Gitanjali дар талафузи банголӣ
«Ҳофиз ҳофизаи мост. Зеҳну забону зиндагии мо сиришта бо Ҳофиз аст. Девони Ҳофиз фақат як дафтару девон нест, номаи зиндагиву зиндагиномаи мост. Ҳофиз фаротар аз адабиёт аст. Ҳофиз ба мо жарф зистану шод зистан меомўзаду яктана такягоҳи мост. Ҳеҷ кас чун ў зеру бами зиндагии моро намедонаду дар ғаму шодии мо шарик нест».
Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ