Дар бораи Равиндранатҳ Тҳакур донистан мехоҳед?
Нашр шуд 2020-01-29 12:26
Моҳи ноябри соли 1913 васоити ахбори оммаи Британияи Кабир дар тамоми ҷаҳон хабареро оид ба додани Мукофоти Набелӣ дар бахши адабиёт, паҳн намуд, ки аз аз шунидани он ҳам аврупоиён дар ҳайрат монданду ҳам мардумони Шарқ. Ин хабар аз он лиҳоз боиси ҳайрат шуда буд, ки як шоири шарқӣ аз Ҳиндустони мустамликавӣ ба гирифтани чунин мукофоти олӣ ба мисли Мукофоти Нобелӣ сазовор шудааст. Ин шахсияти бузург Равиндранатҳ Тҳакур (1861-1914) буд, ки аллакай қариб сӣ сол боз дар ватани худ – Ҳиндустони бостонӣ ҳамчун адиби беҳамто шуҳрат дошт. Чунин мукофоти олӣ ба шоир барои он ашъоре, ки зери унвони «Гитанҷалӣ» (Gitanjali) маълум аст, муносиб дониста шуд. Gitanjali дар талафузи банголӣ аслан маънои «Сурудҳои қурбонӣ»-ро дорад. Ҳоло ба маврид медонем, ки чи тавр ба Аврупо паҳн шудани ашъори Равиндранатҳ Тҳакурро каме шарҳ диҳем. «Гитанҷалӣ» соли 1910 нашр шудааст.
Соли 1912 Равиндранатҳ Тҳакур бори дувум ба Англия сафар мекунад. Ҳангоми ин сафар вай чанд намунаи шеърҳояшро, ки худ аз забони банголӣ (забони модарии адиб) ба забони англисӣ тарҷума карда буд, мебарад. Шоири ирландӣ Вилям Балтер Йитс (1865-1950) чун ба ин шеърҳо шинос мешавад, бо розигии муаллиф аз паси нашри онҳо мешавад. Дар ҳамин шабу рўз рассоми англис Вилям Ротенштейн (1872-1945), пештар дар Ҳиндустон меҳмони Равиндранатҳ Тҳакур шуда будаасту бо ў дўстӣ доштааст, шоирро ба меҳмонӣ даъват намуда, дар хонааш ба ин муносибат як маҳфили адабӣ ташкил менамояд.
Вилям Балтер Йитс шеърҳои Тҳакурро дар ин шабнишинӣ қироат менамояд. Ҳозирин, ки ҳар кадом аз адабиёт, алалхусус аз шеъру шоирӣ чун намояндагони ҳамин соҳа огоҳ буданд, наметавонистанд хомўш монанд. Ҳамин тариқ, аввалин бор рў ба рў шудан бо адабўстони ғарб бо аҳсангўиҳо ба анҷом мерасад.
Пас Вилям Балтер Йитс ба ин маҷмўи шеърҳо пешлафзе навишта, барои чопаш тадбирҳо андешидааст. Соли 1912 чун маҷмўаи «Гитанҷалӣ» ба забони англисӣ нашр шуд, номдортарин рўзномаҳо ва маҷаллаҳо оид ба ҳунари шеъргўйии Равиндранатҳ Тҳакур баёни беҳтарин суханҳоро муносиб донистанд. Доираи онҳое, ки тозагӣ латофат ва равониву таъсирбахшии ҳар як шеъри ин маҷмўаро чун мутахассис ва ё чун хонандаи одӣ эҳсос карда, лаззатмебурданд, рўз то рўз зиёдмешуд.
Ин иқтибосе буд аз сарсухани Ҳабибулло Раҷабов, Раиси “Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон” ба китоби Равиндранатҳ Тҳакур “Гитанҷалӣ”, ки бо талоши донишманди маъруфи тоҷик Абдурашид Самадов чоп шудааст. Дар китоби мазкур порчаҳои итихобӣ аз асари адиби маъруф ва мақолаи мураттиби он Абдурашид Самадов тахти унвони «Таҳлили муқоисавии баъзе андешаҳои таҳаммулпазирии Равиндранатҳ Тҳакур ва Мавлоно Румӣ» ҷой дода шудааст.
Агар шумо мехоҳед маълумоти бештаре дар бораи ин адиби маъруф дошта бошед ва бо ашъори ноби ӯ ошноӣ пайдо кунед, пас ташриф оред ба Китобхонаи миллӣ ва аз ҳар толори хониш, ки хостед, китоби “Гитанҷалӣ”-ро суроғ ва дархост кунед.
Маврид ба ёдоварист, ки чанд рӯз пеш се номгӯ китобҳои донишм анди маъруф Абдурашид Самадов бо номҳои “Шарқ дар оинаи Ғарб”, “Оинадори Фарангу Ховар” ва “Гитаҷалӣ” ба Китобхонаи миллӣ расид, ки дар мавриди муносиб дар бораи муҳтавои онҳо ба хонандагон маълумот хоҳем дод.
Теги: Китобхона