Китоби нав. Дориюш Раҳимзода. Ишқи нотамом

“Ишқи нотамом” дар жанри повест иншо шуда, аз ду қисм иборат мебошад. Он ҳодисаи воқеиеро дар бар мегирад, ки дар солҳои аввали ҳокимияти Советӣ рух додааст. Онро муаллиф дар овони наврасӣ аз дўстони бобояш шунида, баъдан ҷузъиёташро дар ҷавонӣ аз иштирокдорони ин ҳодиса, аз мўйсафедон - қаҳрамонони аслии ин саргузашт пайгирӣ ва муайян  кардааст.

Муаллиф повесташро ба тағояш бахшида ва дар аввали китоб навиштааст: “Ба тағоиям, писари ягонаи модаркалонам -  Бобоназар Раҳимов мебахшам, ки якуми июли соли 1941 ихтиёрӣ барои ҳимояи Ватан ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, 28-апрели соли 1945, ҳамагӣ ёздаҳ рўз қабл аз Ғалабаи бузург, дар яке аз набардҳо дар наздикии Берлин ба ҳалокат расидааст”.

Ин китоб вориди Китобхонаи миллӣ шудааст ва хонандагон аз ҳар толори хониши барояшон мақбул метавонанд онро фармоиш диҳанд ва бихонанд.

Шарофат Мирзоева