Кӯдак ва роҳҳои ҷалбнамоии он ба китобхонӣ

Ҳама гуна тарбия аз хӯрдсолӣ оғоз меёбад. Ибтидои он гавҳора буда, аз навои хуши «Алла»-и модарон сарчашма мегирад. Ин суруди рӯҳнавоз, ки дар худ орзуву омоли ҳар як модар нисбат ба фарзандро ҷой додааст, баробари роҳату осоиши тифл, сабру таҳаммул ва садоқату муҳаббатро дар ниҳоди кӯдакон тарбия менамояд. Бояд қайд намуд, ки тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакон дар ҳафт соли аввали ҳаёт хусусиятҳои вижа дорад. Ҳадаф, масъулият, рисолат, муҳтаво ва методу усулҳои таъсиррасонии калонсолон ба шахсияти кӯдакон дар заминаи ба инобат гирифтани синну сол ва фардияти онҳо муайян мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду дастуру ҳидоятҳои хеш ҳама вақт таъкид менамояд, ки гаҳвораи нахустину аслии тарбия ин муҳити хонавода аст. Зеро хишти нахустини одобу ақлу инсофу тафаккур маҳз ҳамон ҷо гузошта мешавад. Алифбои муоширату муносибатро насли наврас аз волидонаш меомӯзад.

Албатта, барои он ки кӯдак худро дар миёни ҳамсолон беҳунару ноуҳдабаро ва нороҳат эҳсос накунад, волидонро мебояд барои кӯдакони худ вақт ҷудо намуда, онҳоро ҳам зеҳнану ҳам ҷисман ба мактаб омода намоянд. Рушди маҳорату чолокии кӯдак пеш аз ҳама аз таваҷҷуҳи волидон вобастагӣ дорад. Ҳама гуна малакаҳо тавассути пайваста машқу тамрин намудан ҳосил мегардад. Яъне кӯдаке, ки ба мактаб меравад, бояд ҳар чӣ бештар расм кашад, ҳар гуна ашёҳоро (масалан, ангуштҳо, муҳраҳо, тангаҳо, чӯбчаҳо ва ғ.) ҳисоб кунад, ҷамъу тарҳ намояд. Аммо ҳаргиз набояд бештар аз қобилияту маҳорати кӯдак ӯро саргарму машғул дошт.

Ғайр аз захираи донишу маҳорат барои кӯдак малакаи дарк ва қабули омилҳои иҷтимоӣ низ зарур аст, яъне кӯдак бояд худро узви комилҳуқуқи ҷомеа шумурда тавонад, бо калонсолон баҳс кардаву фикри худро озодона баён карда тавонад. Имрӯзҳо бисёр муассисаҳои томактабӣ бо номи Андалеб, Фазл, Истиқлол ва Зеҳн фаъолият доранд, ки онҳо барои такмил додани зеҳнӣ ва фаҳмиши кӯдакону наврасон саҳми худро мегузоранд.

Кӯдакони имрӯза аз кӯдакони чанд соли қабл ҳам зеҳнану ҳам ҷисман фарқ мекунанд. Шукронаи истиқлолияти кишвар, ки мардум дар фазои осоишу оромӣ ба сар мебаранду ба ҳама самтҳо, аз ҷумла ба соҳаи илму маърифатнокии наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

 Танҳо аз волидон кушиш ва ғайрати қавӣ талаб карда мешавад, ки бо роҳҳои гуногун ва машқҳои пайваста кӯдаконро ба хондани китобҳои бачагона ҷалб намоянд. Барои ҷалби бештари кӯдакон ба хондани китоб китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ мавқеи муҳим доранд. Китобхонаи мактаб барои инкишофи иқтидори эҷодӣ ва зеҳнии кӯдакон шароити созгор фароҳам меорад. Ҳаминро ҳам бояд таъкид намуд, ки вазифаи китобхона танҳо таъмин, тарғиб ва нигоҳдории китоб нест. Дар он ба ҷуз китоб рӯзнома ва маҷаллаҳои гуногун нигоҳдорӣ мешаванд. Онҳоро ҳамчун маводи иловагӣ барои хондан ва рушди малакаҳои хониши кӯдакон истифода кардан мумкин аст.

Яке аз китобхонаҳое, ки дар роҳи ҷалби қӯдакон ва наврасон муваффақтар аст ин Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошад, ки дар он шуъбаи махсусе бо номи шуъбаи кӯдакон ва наврасон фаъолият менамояд. Дар фонди шуъба, ки маҷаллаву рӯзномаҳои гуногун мавҷуданд, хонандагон метавонанд пайваста бо хоҳиши худ онҳоро дархост кунанд. Онҳо имкон доранд, ки ҳамчунин маҷаллаҳои кӯдакона аз қабили «Аҷоиботи олам», «Рангинкамон», «Офтобак», «Олами техника», «Афсонаҳо», «Чашма» ва «Пайрав»-ро низ дар толори шуъба бихонанд. Ҳар моҳ ба шуъба адабиёти бачагона ва рӯзномаю маҷаллаҳои гуногуни кӯдакона таъмин карда мешаванд ва дар як гӯшаи толор намоиши китоб вобаста ба ҷашну маросимҳо аз адабиёти тозанашр барои шиносонидани хонандагон дар мавзӯҳои гуногун гузошта мешавад.

Инчунин, дар шуъба барномаҳои вохӯрӣ бо адибони кӯдакона «Дар суҳбати адиб» ва маҳфили «Ҳамешабаҳор» бо иштироки хонандагони фаъоли шуъба баргузор мегардад. Аксар барномаҳои фарҳангиву маърифатии шуъба бо сабти телевизионии кӯдакон ва наврасон «Баҳористон» мегузаранд ва онҳо аз тариқи ин телевизион намоиш дода мешаванд, ки завқи кӯдаконро боз ҳам баланд мегардонад. Илова бар ин, дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ барномаи дигаре бо номи «Дастони моҳир», ки моҳе ду маротиба дар шуъба гузаронида мешавад, ба хонандагон омода намудани маҳсулотҳои дастиро меомӯзанд. Дар ин барнома асосан хонандагон тарзи омода намудани гулдон, лӯхтакҳо, ашёҳо ва сохти ҳар гуна парандагон, ҷонваронро аз маводи конселиарӣ ва табиӣ, тибқи дархости хонандагони шуъба сохта мешавад. Расмҳои зебо ва ашёҳои сохтаи хонандагон дар як гӯшаи толор гузошта шудааст, ҳар меҳмон ва сайёҳе, ки бори аввал меояд аз ин расмҳо дидан карда ба худ як ҷаҳон маънӣ мебардорад. Инчунин, маҳфили «Адибони наврас» дар шуъба баргузор мегардад.

Масъалаи дигаре, ки ба он бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шавад, ин интишор ва чопи адабиёти бачагона мебошад. Бояд қайд намуд, ки тайи чанд соли охир адабиёти кӯдакона аз ҷониби нашриётҳо бо шаклу тарҳи замонавӣ ба чоп расидаанд. Саҳми нашриётҳо низ дар ин самт хело зиёд мебошад, ки новобаста аз хусусӣ ва давлатӣ буданашон пай дар пай китобҳои кӯдакона нашр менамоянд. Масалан нашриёти Адиб, Ирфон, Маориф ва фарҳанг, Истиқбол, Адабиёти бачагона, Ношир, Дунёи дониш, Матбуот, Аржанг, Кайҳон, Истеъдод, Шуҷоиён, Деваштич ва чанде аз нашриётҳо то имрӯз даҳҳо ҳикояву достонҳои кӯдакона интишор намудаанд, ки барои тақвияти зеҳну дониши кӯдакон хеле нафъовар гардиданд.

 Хушбахтона, имрӯзҳо дар кишварамон бо роҳандозии чорабиниҳои гуногун дар самти ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхони ҳадафҳои боло зикршуда бароварда мешавад. Барои мисол метавон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» ва озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро ном бурд. Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин восита дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад. Бояд гуфт, баргузории ин чорабиниҳо имкон медиҳад, ки тавассути шиносоӣ бо вазъи китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ аҳли илму адаби кишвар ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳу воситаҳои боз ҳам муассири замонавии тарғиби китоб ва дигар маводи иттилоотиро дар байни кӯдакону наврасон дарёфт намоянд. Ба ин васила, дар раванди ташаккули ҳисси ифтихор аз забону миллати хеш саҳм гузоранд ва бо ҳидояти каломи бадеъ насли наврасро ба сӯйи бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созанд. Ба василаи ин ҳамоиш бачаҳо бевосита бо адибон-муаллифони китобҳо аз наздик вохӯрда, тавассути саволу ҷавоб аз коргоҳи адабии онҳо шинос мешаванд.

Боиси хушнудист, ки дар кишвари мо низ барои наврасон донишномаи мухтасаре бо номи «Кӯдакон ва наврасон» чоп шудааст, ки ин донишнома аз 5 қисму 19 боб иборат аст. Интишори нахустин донишнома барои кӯдакон ва наврасон воқеан дастоварди муҳим ва арзишманд дар соҳаи фарҳанги миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

Донишнома бо назардошти қонуниятҳои инкишофи синусолӣ ва фардӣ-равонии кӯдакону наврасон (шавқу ҳавас, майлу рағбат, қобилияту истеъдод, талабу эҳтиёҷ) иншо шуда, дар он усулҳои муассири шарҳи афкор мавриди истифода қарор гирифтаанд. Муаллифону мураттибон ва муҳаррирону тарроҳони донишнома кӯшиш ба харҷ додаанд, ки мазмуну муҳтавои ҳар як ҳодисаву воқеаҳои дар давраҳои гуногуни таърихӣ ба вуқӯъ пайвастаро бо тарзи содаву фаҳмо, боварибахш маънидод намоянд.

Ба ҳар як саволи дар донишнома воридшуда посухи мушаххас, ки ҳадафи муайяну мантиқи комил дорад ва ба хусусиятҳои хоси синнусолӣ, дараҷаи фаҳмишу дониш, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури кӯдакону наврасон мувофиқу созгор мебошад, пешниҳод шудааст. Бавижа, равшану саҳеҳ ва содаву мушаххас баён ёфтани афкор оид ба воқеаву ҳодисаҳои олам, бамаврид истифода шудани расму мусаввараҳои ба завқу фаҳмиши хурдсолон мувофиқ, мазмуну муҳтавои донишномаро тибиӣ ва боварибахш намуда, таъсирбахшии онро афзун гардонидааст. Ин иқдоми наҷиб, албатта арзиши илм ва маърифатии донишномаро боло бурда, самарбахшии истифодаи онро таъмин менамояд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки дар ҳар ҷойе, ки китоб аст, маърифат аст, фазои солим аст ва маҳз китоб ба ҳама торикиҳо равшанӣ мебахшад. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии хурду калонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.

Шаҳбозова Нафиза

Абдусаломова Шафоат

кормандони шуъбаи илмӣ ва тадқиқотӣ.