Китоби нав. “Арҷномаи устодони таърихнигор”

Китоб фарогири мақолаҳо доир ба фаъолияти илмиву таълимии устодони зиндаёди факултети  таърих ва ҳуқуқи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи  академик Бобоҷон Ғафуров» буда, аз рўзгору осори ибратомўзи чеҳраҳои равшани таърихнигории муосири тоҷик ҳикоят мекунад. Ин китоб ба донишҷўёну аспирантон, магистрантону докторантон, муҳаққиқону муаллимони фанни таърих ва тамоми иродатмандони таърихи халқи тоҷик пешниҳод мешавад.

Ҳамчуноне дар муқаддима омадааст, китоби «Арҷномаи устодони таърихнигор», ки дар накўдошти олимону омўзгорони фақиди ин илмкада бо кўшиши шогирди факултет Аюбҷон Усмонов навишта шудааст, ёдномаи бисёр ҷолибу хонданист. Муаллиф бо истифода аз сарчашмаҳои гуногун, аз қабили осори худи устодон, қомусу солномаҳо ва маводи дигар сай кардааст, ки аз ҷойгоҳи муаллимони зиндаёд сухан гўяд ва зимнан, муҳаббатномаи хешро нисбат ба омўзгорон бо сабки равону ҷаззоб ифода намояд. Аз сўи дигар, таълифи чунин китоби судманд дар шароити кунунӣ, ки насли имрўз ба сабақомўзӣ аз дарси пурҳикмати устодони бузурги хеш ниёз дорад, аз ҳар ҷиҳат қобили аҳамият аст. Агар аз нигоҳи аввал тавассути ин китоб баробари арҷ ниҳодан ба хидматҳои устодони риштаи таърихи ин донишгоҳи муътабар чароғи рўзгор ва мероси илмӣ, хадамоти маънавии онон равшан мешавад, аз дидгоҳи дигар баррасии корномаҳо ва рўзгори ибратомўзи ин муҳаққиқону муаррихони соҳибном дар тарбияи насли  имрўз, хоса донишҷуён муҳим ва аз аҳамияти шоён бархурдор хоҳад буд.

Ҳарчанд Аюбҷон Усмонов дар нашри нахустини ин китоб танҳо бо фарогирии рўзгор ва осори устодони муаррих ва муҳаққиқони тарихи миллат аз факултети таърих иктифо намудааст, аммо анҷоми ҳамин як кори савоб ва судманд моро итминон мебахшад, ки муаллифи китоб минбаъд низ дар ин арса қадамҳои устувор гузошта, нашрҳои дигари китобро бо арҷгузорӣ ба хидматҳои доираи васеи олимони таърихшиноси кишвар омода ва манзури аҳли таҳқиқ ва доираи васеи хонандагон мегардонад.

Китоби «Арҷномаи устодони таърихнигор»-ро шумо ҳоло метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, Сармутахассиси шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ