Имрӯз ҳам мо саҳифаи таърихи гузаштаи худро варақ мезанем ва назаре ба 73 соли пеш меандозем. 73 сол пеш сокинони Тоҷикистон низ чун миллионҳо бошандагони кишвари паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ аз шунидани хабари пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шикасти комили фашизми Олмон табли шодӣ зада буданд.
Дар ин ҷанг бештар аз 20 миллион нафар сокинони мамлакат қурбон шуданд. Тоҷикистониён низ баробари миллатҳои дигар талафоти гарон доданд ва захми он то имрӯз боқист.
Ятимони солҳои ҷанг басо қиссаҳои пурсӯз нақл мекарданд. Аммо ҳоло онҳо низ ё пиру барҷомондаанд ва ё аз дори дунё рафтаанд.
Гузашти солҳо шоҳидони ин ҷангро аз миён бурд ва ҳоло чанд тане ҳам, ки боқӣ мондаанд, маҷоли рафтан ба мулоқоту нақли он рӯзҳоро надоранд.
Аммо корномаҳо ҳоло дар китобҳоянд. Садҳову ҳазорҳо номгӯ китобҳо дар бораи корномаҳои ҷанговарони зиддифашистӣ рафҳои китобхонаҳои оламро оро медиҳанд. Ҷилд-ҷилд хотироти он рӯзгори тираро метавон акнун танҳо аз китобҳо хонд.
Аз ҷумла, дар Китобхонаи миллӣ низ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, олмониву инглисӣ садҳо ҷилд китобу ҳазорон номгӯ мақолаҳо дар маҷаллаву рӯзномаҳо маҳфузанд, ки мутолиаи онҳо касро бидуни шак ба он солҳо ошно мекунад.
Нақли ҷанговарон ва ширкаткунандагони ҷабҳаи ақибгоҳ басо хонданиву шуниданист. Он қиссаҳо ба сони румону повесту ҳикоётеанд, ки ҳар хонанда чизе барои худ пайдо мекунад. Ва муҳимтарин чиз ин бо ёди қаҳрамонон зистану бо онҳо будан аст.
Миллат қаҳрамононашро фаромӯш намекунад. Пас, биёед ба Китобхонаи миллӣ ва аз он ҳикоёт бо он таърих ошно шавед. Кормандони китобхона ҳамвора дар хидмати шумо, хонандагони азизанд.
Сураё Одинаева,
сармутахассиси
Шуъбаи илмї- тањќиќоти