Донишҷӯён дар Китобхонаи миллӣ чӣ мехонанд?

(Хулосаи як пажуҳиш, ки Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ роҳандозӣ кардааст)

Китоб василаест, ки тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, мӯҳтоҷӣ, ғаму дард ва ғайраҳо озод мегардад. Ситоиши китоб дар андарзи бузургтарин шахсиятҳои торихи башар, аз Афлотуну Арастуи юнонӣ то саромадони адабиёти пурғановати форсу тоҷик омада, ки метавон даҳҳо мисол ин ҷо корид.  
 Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ пажуҳиши сотсиологиро дар чор Донишгоҳи кишвар: Донишгоҳи миллӣ, аграрӣ, техникӣ ва тиббӣ анҷом дод.
Дар пурсиш аз ҳар донишгоҳ 50-нафарӣ, дар маҷмуъ 200 нафар ширкат карданд. Натиҷаи пурсиш нишон дод, ки 87 дарсади донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ, 70 дарсади Донишгоҳи миллӣ, 24 дарсад Донишгоҳи тиббӣ ва 18 дарсад Донишгоҳи техникӣ дар Китобхонаи миллӣ узвият доранд. (Диаграммаи 1)


УЗВИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ЧОР ДОНИШГОҲ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

Диаграммаи 1

22 дарсад пурсидашудагон аз миёни донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ гуфтанд, ки барои дарёфти адабиёти мавриди назар дар Китобхонаи миллӣ то 30 дақиқа вақт сарф мекунанд. Ин дар ҳолест, ки донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ дар 7 дақиқа ва донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ зарфи 10 дақиқа адабиёти фармоишкардаи худро дастрас мекунанд.
Нуктаи муҳими қобили омӯзиш омори ба ин савол ба дастомада аз Донишгоҳи техникист. Ширкаткунандагони пурсиш аз ин Донишгоҳ гуфтанд, ки барои пайдо кардани адабиёти зарурӣ 3 соат вақт мегузаронанд.  
42 дарсади донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ ва 30 дарсади донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ аз ВАО чун манбаъ истифода мекунанд, яъне завқи мутолиаи матбуоти даврӣ миёни ин донишҷӯёни ин ду муассисаи олии кишвар дар сатҳи баланд қарор дорад. Аз китобҳои дарёфтшуда аз тариқи картотека ва феҳристи электронӣ 36 дарсади донишҷӯёни аграрӣ ва 28 дарсади ин донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ  истифода мебаранд.
Танҳо 4 дарсади донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ва Донишгоҳи техникӣ аз ВАО чун сарчашмаи маълумот истифода мекунанд. Ва ин метавонад ба он маъно бошад, ки матбуоти кишвар мақолоти камтаре дар мавзуъҳои тиббиву техникӣ интишор медиҳанд.  (Диаграммаи 2)

ИСТИФОДА АЗ ВАО ВА ФЕҲРИСТУ КАРТОТЕКАҲО

Диаграммаи 2

Пажуҳиш нишон дод, ки 28 дарсади донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ба мутолиаи адабиёти классикӣ майлу ғарбат доранд ва 22 дарсади онҳо адабиёти муосирро мехонанд. Ҷолиб он аст, ки 44 дарсади донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ мутолиаи асарҳои классикони форсу тоҷикро мепазиранд. Дар Донишгоҳи техникӣ ва тиббӣ 6 дарсад рағбат ба адабиёти классикӣ ва 4 дарсад адабиёти муосирро мутолиа мекунанд.  (Диаграммаи 3)

МАЙЛУ РАҒБАТ БА МУТОЛИАИ АДАБИЁТ

Диаграммаи 3

44 дарсади донишҷўёни Донишгоҳи миллӣ рӯзе 3 нусха рӯзномаву маҷаллаҳоро аз назар мегузаронанд. Пурсидашудагон аз Донигоҳи аграрӣ ба саволи рағбат ба матбуот аслан посух надоданд.
4 дарсади ширкаткунандагони пурсиш аз донишгоҳи техникӣ ва 6 дарсади донишгоҳи тиббӣ посух доданд, ки ба ҳисоби миёна ҳамарӯза 3 рӯзномаву маҷалларо мурур мекунанд.  (Диаграммаи 4)

МУТОЛИАИ РӮЗНОМАВУ МАҶАЛЛАҲО

Диаграммаи 4

50 дарсади ширкаткунандагони пурсиш аз Донишгоҳи аграрӣ гуфтанд, ки китобхонаи шахсӣ доранд. Ин дар ҳолест, ки 24 дарсад донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ, 20 дарсад техникӣ ва 16 дарсад тиббӣ соҳиби китобхонаи шахсӣ мебошанд. (Диаграммаи 5)

ФОИЗИ ДОРАНДАГОНИ КИТОБХОНАҲОИ ШАХСӢ

(Диаграммаи 5)

Пурсиш нишон дод, ки аз ҳама пештар донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ (32 дарсад) аз нарасидани китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ мушкил доранд, 25 дарсади донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ, 10 дарсад аз Донигоҳҳои тиббиву аграрӣ аз нарасидани китобҳо бо забони тоҷикӣ эҳсоси мушкилӣ мекунанд.
Ҳар чорумин касони ширкаткарда дар ин пурсиш хостори онанд, ки китобҳои тахассусиву омӯзишӣ ва дарсӣ барои донишҷӯён бо забони давлатӣ зиёд шавад. (Диаграммаи 6)

МУШКИЛИ КИТОБИ ДАРСИВУ ОМӮЗИШӢ БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

 (Диаграммаи 6)

Ҳамзамон бо ин пурсиш нишон дод, ки 22 дарсади донишҷўёни Донишгоҳи миллӣ ҳамарӯза ба омўзиши адабиёти тахассусӣ машғул мешаванд, аз Донишгоҳи аграрӣ 10 дарсади донишҷӯён, аз Донишгоҳи тиббӣ 6 дарсад ва техникӣ 2 дарсад вақти худро ба мутолиаи адабиёти мутааллиқ ба ихтисосашон мегузаронанд.  
46 дарсади донишҷӯёни Донишгоҳи аграрӣ, 36 дарсади донишҷӯёни донишгоҳи миллӣ, 12 дарсад аз Донишгоҳи тиббӣ ва 8 дарсад аз Донишгоҳи техникӣ мутолиаи романҳои торихӣ ва ёддошту хотираҳоро меписанданд.  (Диаграммаи 7)

МАЙЛУ РАҒБАТ БА ЖАНРҲОИ АДАБӢ

(Диаграммаи 7)

Аз фонди Китобхонаи миллӣ 62 дарсад донишҷўёни донишгоҳҳои миллӣ ва аграрӣ,  20 дарсад донишҷўёни Донишгоҳи тиббӣ ва 12 дарсад донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ истифода мебаранд. (Диаграммаи 8)


 ИСТИФОДА АЗ ФОНДИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

(Диаграммаи 8)

Пажуҳиш аз ҷониби Фирдавс Аминов, Парвина Қадимова-кормандони Шуъбаи  илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ ва мавриди таҳлил қарор гирифт.