Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. Китобҳои оҳанин, диққатрабо, гаронбаҳо

Соли 1884 дар шаҳри Амстердам китобҳои гуногунро намоиш дода буданд. Рўзҳои намоиш тамошобинон ба сохт ва осори ин китобҳои аҷоиб таваҷҷўҳ намуданд. Китобҳои аҷоибро яке аз фирмаҳои (ширкатҳои) англисӣ пешкаш карда буд. Сафҳаҳои вай бо вуҷуди он, ки аз оҳан  бунёд шуда буданд, дар нафосат аз коғаз фарқ надоштанд.

              ***  ***   ***         

Ин китоб ҳазор саҳифа дорад. Онро китоби фулодин меноманд. Саҳифаҳо мудом ялтарос мезаданд ва зангнорас мебошанд. Дар вай таърихи чаҳорсолаи шаҳри Сан-Паула (Бразилия) сабт гардидааст. Андозаи ҳар саҳифаи он 35 х 50 сантиметр мебошад. Тағйирёбии ҳарорат ва алангаи оташ ба саҳифаҳо таъсир надорад. Китоб дар толор ба таври амудӣ гузошта шуда, онро якбора чандин хонанда варақгардон  мекунад.  

***  ***   ***         

Соли 1983 ба осорхонаи ҳаҷвӣ-маҳзакавии шаҳри Габровои Булғор ёдгории наву аҷоибе дохил гардид. Рехтагар ва кандакор А. Костиков китоби оҳанини тайёркардаашро ба гавровоиҳо тўҳфа кард. Китоби ў ҳамагӣ 22 саҳифа дорад. Андозааш 18х22 сантиметр ва вазнаш чаҳор килограм аст. Дар китоб як силсила латифаҳо ва дигар осори мазҳакавии мардумони Габрово кандакорӣ шудаанд.  

                                  КИТОБҲОИ ГАРОНБАҲО

«Таврот»-и муқаддаси Гутенберг соли 1455 нашр шудааст. Соли 1926 як нусхаи ин нашриётро ба 350 ҳазор доллар фурўхтаанд. Ҳоло «Таврот»-и нашркардаи Гутенберг дар китобхонаи Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нигоҳ дошта мешавад. 

              ***  ***   ***         

Нархи ин китоб хеле  гарон аст. Фақат муқоваи вай 300 ҳазор доллар арзиш дорад. Дар нақшу нигору  муқова ба ғафсии 6 миллиметр тилои тоза, 167 дона марворид, 639 дона даъл ва алмоси аълосифат, инчунин дигар сангҳои қимматбаҳо истифода шудааст. Ин китоб «Қуръон»-и бузург аст. Онро  амири Афғонистон ба шоҳаншоҳи форс тўҳфа карда буд.

  ***  ***   ***         

Нарх ва маблағҳои калонтарине, ки дар хариду фурўши  дастхатҳо ва китобҳои чопии нодир маълуманд, ба нархи ин китоб баробар шуда наметавонанд. Чандин сол қабл дар Британияи Кабир (Лондон) чунин савдои ғайриоддӣ ба вуқўх омада буд. Дар ин ҷо ба дастнависи «Инҷили Олмонӣ» 11.8 миллион доллар нарх гузошта  буданд.

           ***  ***   ***         

Ҳанўз моҳи августи соли 1980 дар матбуоти даврӣ «Аз Бомбай то  Барсем»  ном хабаре интишор гардида буд. Дар хабар чунин сатрҳо оварда шудаанд. «... Дар китобхонаи шахсии сокини деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнони Бадахшон Бокиршо Мираҳматшоев «Маснавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ (соли нусхабардориаш 1602) нигоҳ дошта мешавад. Ба гуфтаи Бокиршо «Маснавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ соли 1914 аз Бомбай ба Бадахшон гузошта ва онро падари ў ба ду барзагов харидааст".

           ***  ***   ***         

Ҳафт ҳазор барзаговро сарфи китоб кардан ҳақиқат аст. Тафсилоти воқеа чунин аст: одамони қабилаи муғулҳо аз ин савдои гарон пушаймон набуданд. Онҳо ҳафт ҳазор барзаговро ба «Инҷили Тибетӣ» иваз карда буданд. «Инҷили Тибетӣ» аз 128 ҷилд ва ҳар ҷилд аз ҳазор саҳфа иборат будааст.

***  ***   ***         

Бо ривояти муаллифони «Таърихи китоб» И.Е. Беренбаум ва Т.Е Давидов ҳоким Волин Владимир Василкович  «Салавот» ном китобчаи хурдакакро ба маблағи 8 кун (80 сум) харида буд. Ба назар ин маблағ калон нест. Садаи Х1-уми мелодӣ як ҷамоа бо буданаш 50 кун (500 сум) арзиш доштааст. Пас, қимати нархи китобчаи «Салавот» маълум аст.

            ***  ***   ***         

Китоби «Таърих ва ёдгориҳои Византия» соли 1894 интишор гардида буд. Ин китоб аз ҷиҳати санъати нақшу нигор чопи мўъҷизаи нодири русҳо номида мешавад. Нархи вай 120 ҳазор сум мебошад. Ҳоло дар осорхонаи китобҳои нодири китобхонаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Қазон нигоҳдорӣ мешавад.

            ***  ***   ***         

Китобфурўше дар Британияи Кабир (Лондон) асари шоири англис Уилян Ленгленд «Хоббинии Рейер Плоумен"-ро ба маблағи 28 ҳазор фунт стерлинг харид. Арзиши баландии нархи ин китоб маҳз дар он буд, ки он ба таърихи замонҳои қадим мутаалиқ будааст.    

КИТОБҲОИ ДИҚҚАТРАБО

Соли 1872 дар намоишгоҳи санъати бадеии Британияи Кабир (Лондон) бисёр асарҳои аз ҷиҳати саҳҳофию наққошӣ арзишманд ба намоиш гузошта шуда буданд. Дар ин намоиш тамошобинон махсусан нашрияи Академияи фанҳои Русияро бо таваҷҷўҳ тамошо мекарданд. Китоби «Намунаи ҳуруфоти нашрияи Академияи фанҳои Россия» соли 1870 дар Санкт-Петербург интишор шуда, ҳар ҷумлаи он ба 356 забони мардумони олам тарҷума шуда буд.

Дар Китобхонаи давлатии оммавии таърихии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ (ш.Москва) китобтақвиме маҳфуз дошта мешавад. Вай шаклан ба ғиҷҷак монанд аст. Китобтақвим дар хусуси маъракаҳои бошукўҳ, идҳо, ҷашнҳо ва вазъи бо мусиқӣ фарогирифта ҳикоят мекунад. Рўи муқоваи китобғиҷҷак аксҳои мутрибони номии олам, ба мисли Бах, Бетховен, Гендел, Чайковский, Глинка, Рубенштейн, Даргомижский ва ғайра тасвир шудааст.

           ***  ***   ***         

Солҳои қабл яке аз ширкатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои баччагон китоб-патефонро ихтироъ карда буд. Китоб-патефон на муҳаррик дораду на муҳтоҷи қувваи барқ аст. Вакте ки хонанда китобро ба даст мегираду ба саҳифа ангушт мерасонад. саҳфа давр задан мегираду садо мебарояд ва матнро маънидод мекунад.

***  ***   ***         

Дар китобхонаи марказии Муғулистон китобе маҳфуз аст, ки матни вай бо духтаҳои риштаи абрешимӣ таърихи 700 сола дорад.

            ***  ***   ***         

Дар Китобхонаи давлатии оммавии тарихии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ (ш.Москав) китоби «Масалҳо»-и Лафонтен нигоҳ дошта мебошад. Масалҳо»-и Лафонтен соли 1894 дар Токио (Ҷопон) дар матои аълосифат бофта шудааст.

            ***  ***   ***         

Дар Осорхонаи политехникии шаҳри Маскав китобчае ғалатӣ нигоҳ дошта мешавад. Варақҳои вай ба дўхтаҳои тори анкабут ба субут расидаст. Ғафсии тори анкабут бошад, 1 ба 0,002 миллиметр баробар аст. Чунин торе, ки ба масоҳати даҳ чақрим мерасад, ҳамагӣ як грам вазн дорад.

           ***  ***   ***         

Маҷмўи мусиқавӣ ва сурудҳои «Шашмақом» бузургтарини асари санъат мебошад. Вай зиёда аз 250 оҳанги мусиқӣ ва вокалию овозхониро дар бар мегирад. Силсилаи пурраи «Шашмақом» садаи ХIII шакл гирифта буд ва аз қадимтарин суруду навоҳои дилпазир иборат аст.                    

Бознашр аз китоби Б.Аҳмадов ва Ҷ.Раҷабов “Мақоми китоб дар фаҳанги мардуми тоҷик”, Душанбе, 2016.

Таҳияи Шарофат Мирзоева, сармутахассиси шуъбаи

илмӣ ва тадқиқотӣ.