Саттор Турсун: Иноят Насриддин ҳалолкор буд, дили беғубор дошт...
Агар зиндаёд Иноят Насриддин зинда мебуд, имсол ба синни мубораки 70 қадам мегузошт. Вале доси аҷал ниҳоли умрашро хеле бармаҳал дарав кард, тобистони гарми соли 2010 аз сактаи қалбӣ, ногаҳонӣ аз олам даргузашт.
Иноят Насриддин адиби хушсавқ, журналисти матинирода, публистист ва дромнависи маъруфи замони худ буд. Вай 15-уми феврали соли 1946 дар рустои Посурхии ноҳияи Бойсуни вилофти Сурхондарёи Узбакистон дида ба олам кушодааст.
Шуъбаи илмӣ – тадқиқотии Китобхонаи милли Тоҷикистон ба муносибати ҳафтодумин солгарди нависанда ва рӯзноманигори шинохта бо номи “Иноят Насриддин нависандаи даврони мо” тавсияҳои методие омода кардааст, ки дар поён мехонед. Вале қабл аз он хостем шуморо бо суханоне чанде аз дӯстон, ҳамқаламон ва ҳамкорони Иноят Насриддин, ки ҳафтаномаи “Чархи градун” дар таҳияи Лолаи Саидакбар пештар чоп карда буд, ошно созем, то симои ин адиби хушсавқро тавонед тасаввур кунед.
Абдуғаффор Абдуҷаббор - нависанда ва мутарҷим:
-Бародари арҷманд, насрнависи хушбаён, публитисти нозукбин, шахсияти фарҳангӣ, марди накӯном, заҳматкаши зиндагиву оилаву арсаи кору эҷод Иноят Насриддинро ман аз солҳои ҳафтодуми қарни гузашта ба шарофати очеркҳои ҷолибаш, ки пайваста дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» интишор меёфт, мешинохтам. Шукр баъдтар ҳангоми фаъолият дар соҳаи радио ва телвезиони тоҷик, ки саҳми эшон баҳри рушди ин ду санъат басо назаррас аст, рӯ ба рӯ ошноӣ пайдо кардам ва нисбаташон эҳтироми сифр инсонӣ доштам. Бинобар ин аввали соли 1996 , ки он айём дар Вазорати фарҳанг кор мекарданд, бо ҳаяҷон наздашон даромадам. Хоҳиш кардам, ки агар арзанда донанд, барои пазируфтан ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тавсиянома нависанд. Ва се-чор маҷмӯаи дар дастам бударо пешашон гузоштам. Бо чеҳраи ҷиддӣ пурсиданд:
-Боз киҳо навиштанӣ?
-Устодон Ибод Файзулло ва Ҳамроқул Шодиқулов…
-Инсонҳои нек…
Нусхаи матни ин тавсияномаи самимӣ, воқеан дар бойгониям чун рамзи эҳтиром маҳфуз аст ва аз Иноят Насриддин барои боварӣ ва қадршиносиашон як умр сипосгузорам. Бо мурури айём ва амри тақдир ҳафт сол дар Вазорати фарҳанг ҳамкор будем. Ҳар лаҳзаи аҳволпурсӣ нимшӯхиву ҷиддӣ ба забон меоварданд: -Тоқат кардан мумкин!
Мирзо Шукурзода, нависанда, шоир, пажуҳишгари тоҷик:
-Ман бо Иноят Насриддин ҳамкор, дӯст ва бародархонд будем. Дар идораи садою симои Тоҷикистон бори нахуст соли 1973 шиносоӣ ва ҳамкории мо пеш омад. Баъд зиндагӣ моро ба ҳар самт бурд, дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», нашриёти «Адиб» кор кардаму сафарҳои тӯлоние ба Эрону Афғонистон доштам. Аммо дар бадали ин солҳо ҳеҷ гоҳ робита ва дӯстии мо бо нависанда ва журналисти соҳибистеъдод Иноят Насриддин қатъ нагардид. Се вижагиро дар хислат ва эҷодиёти марҳум Иноят Насриддин қайд бояд кард.
Якум, ҳамчун нависанда ва журналист истеъдоди фитрӣ ва модарзодӣ дошт. Дуввум, кори худро аз сидқи дил ва бомуҳаббат пеш мебурд. Саввум, нависанда ва адиби пурмаҳсул буда, бо ҳар кӣ намак хӯрда буд, ҳаққи намакро пос медошт ва сахию дастархондор буд.
Як нуктаро мехоҳам ёдовар шавам, ки солҳои ҳамкории мо дар радио, шоир ва журналисти соҳибном Ҷумъа Дӯст ба таври ногаҳонӣ вафот кард. Ва касе, ки ҳамроҳи ман санги мазори қаламкаши ҷавонмаргро аз Душанбе ба зодгоҳи ӯ - деҳаи Вешканди ноҳияи Айнӣ бурда, насб кард, шодравон Иноят Насриддин буд. Мо баъди гузаронидани ин маъракаи хайр сафарамонро ба Кӯҳистони Масчоҳ ва Панҷакенти бостонӣ идома додем …Хотираҳо зиёданд, агар умр вафо кунад, ёдномаи муфассале хоҳам навишт.
Саттор Турсун - Нависандаи халқии Тоҷикистон:
-Ману дӯсти бачагиам Иноят Насриддин дар як рӯз таваллуд ёфтаем. Баъде, ки калон шудем, зану фарзанд доштем ва ҳатто соҳибнабера ҳам будем. Вай ҳангоми сӯҳбатҳоямон гоҳо шӯхиомез ба сӯям теғ кашида менигаристу мегуфт: -Ту ҷим шин, ҷим шину ба гапам гӯш деҳ. Куҷост инсоф, ту, охир, аз ман як соат хурдӣ! Мо механдидем, чунки ҳамин гуна гуфтор низ аз беғашии муносибатҳои мо шаҳодат медод.
Бачагии мо ба Иноят Насриддин тавре гузаштааст, ки худро дар он айёми дур ҳамакора гӯем ҳам, мешуд. Аз кӯҳ ҳезум мекашидем, аз кон ба харҳоямон ангишт бор карда меомадем, аз даштҳои байни силсилаталҳои зодгоҳамон Бойсун (дар қадим Басванд) таппак мечиндем, каҳу хас меғундоштем, гову гӯсфанд мепоидем, дар боғҳоямон побел мекардем, девор мезадем, андова мекардем, аз рӯди дур ба харҳоямон дутоӣ фляга бор карда, барои сарфи хонадон ҳар саҳар об меовардем ва ғайраву ғайра…
Умуман, ҳама ташвишеро, ки дар рӯзгорамон буд, мисли калонсолон батоқат мекашидем, аммо дар баробари ин мо, ҳамсинфон- Саиднеъматулло ( ҷояш ҷаннат шавад, ӯ аз олам гузашт), Хадича, ки то динаҳо омӯзгор буд, Иноятулло, ва банда нағз мехондем. Мутолиаи китобро он қадар дӯст медоштем, ки ҳатто ба молбонӣ ҳам китоб дар зери каш мерафтем. Дар китобхонаи мактаб қариб китобе набуд, ки ману Иноятулло нахонда бошем. Шояд шавқи навиштан дар дили мо аз ҳамон айём хона гузошта буд. Ба хусус ки боре ӯ дар зери айвони хонаамон вобаста ба кадом ҳодисае гуфт:
-Биё, ҳикоя менависем. Ман ҳайрон шудам. Чӣ ин хел тарсида- тарсида нигоҳ мекунӣ? Ҳикоя ҳамин ҳикоя –дия! Вай инро гуфту як чойқуттиро чаппа монда, аз он «миз» сохта, аз пештахтаи тиреза дафтару қалами маро гирифта, фармон дод: -Навис! Осмонро булут гирифта буд… Ва дуру дароз ба хаёл рафт, ҳоло ёд надорам, ки баъд мо боз чиҳо навиштем, аммо то ҳол аз ёдам намеравад, ки дар аввалин иншои мо ба ҷойи «абр»-и тоҷикӣ «булут»-и ӯзбекӣ омада буд. Охир, дар деҳаи ҳамсоя ба мо ӯзбекҳо мезистанд! Сониян, вақте «ҳикоя» менавиштем, тахмин хонандаи синфи ҳафт ё ҳашт будем.
Пас тақдир моро ба Душанбе овард. Иноятулло аз ман пештар омада, дар Донишгоҳи омӯзгорӣ мехонд. Ман баъдтар ба Донишгоҳи давлатӣ (имрӯз миллӣ дохил шудам). Тадриҷан ҳар ду низ ба қалам сари кор гирифтем. Хидмати Иноят Насриддин дар рушди журналистикаи тоҷик ва то аз дасташ омад, дар насри тоҷик низ арзанда аст. Лекин журналистӣ гоҳо ба носир халал мерасонад, аз ин рӯ, шояд баъзе нақшаҳояшро дар насри бадеӣ амалӣ карда натавонист дӯсти ман, аммо вай ҳалолкор буд, дили беғубор дошт, ҳамсарашро, фарзандонашро бисёр дӯст медошт, ба рафиқон, ҳамкасбон ва хешу табор вафодор буд. Афсӯс мехӯрам, ки дӯсти бачагии ман бемаҳал аз ин дунё рафт. Вақте ӯро зуд-зуд ба ёд меорам, гуфтаи халқ низ ба дард аз дилам мегузарад: -Куртаро наваш хуб аст, дӯстро куҳанаш!
Дарёфти китоб: Тавсияҳои методӣ барои китобдорон дар бораи Иноят Насриддин