Китоби мазкур барои донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ қобили истифода буда, аз се қисм ва 28 боб иборат аст ва бори аввал ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Ҳашт боби қисмати аввалро, ки марбут ба кимиёи ғайриорганикӣ аст, маводи доругии элементҳои гурӯҳҳои якум то ҳаштуми системаи даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев ташкил медиҳанд. Бобҳои боқимонда: Маводи доругии органикӣ, спиртҳои алифатӣ, эфирҳо, кислотаҳои карбонӣ, фенолҳо, фенолокислотаҳо, сулфаниламидҳо, пайвастаҳои гетеросиклӣ, алкаллоидҳо, гормонҳо, витаминҳо ва антибиотикҳоро аз бар кардааст. Дар китоб бори аввал маводи доругии