Китоби нав: “Корҳои амалӣ аз химияи фарматсевтӣ”
Нашр шуд 2020-11-25 16:40
Китоби мазкур барои донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ қобили истифода буда, аз се қисм ва 28 боб иборат аст ва бори аввал ба забони тоҷикӣ нашр мешавад. Ҳашт боби қисмати аввалро, ки марбут ба кимиёи ғайриорганикӣ аст, маводи доругии элементҳои гурӯҳҳои якум то ҳаштуми системаи даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев ташкил медиҳанд. Бобҳои боқимонда: Маводи доругии органикӣ, спиртҳои алифатӣ, эфирҳо, кислотаҳои карбонӣ, фенолҳо, фенолокислотаҳо, сулфаниламидҳо, пайвастаҳои гетеросиклӣ, алкаллоидҳо, гормонҳо, витаминҳо ва антибиотикҳоро аз бар кардааст.
Дар китоб бори аввал маводи доругии Ватанӣ Тимотсин, Тимофер ва Тимогар ворид шудааст. Китоби мазкур барои донишҷӯён, омӯзгорон ва шахсоне, ки дар соҳаи фарматсия кору фаъолият менамоянд, муфид хоҳад буд.
Ин китоб чанде пештар бо қарори Ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тавсия гардидааст.
Муаллифон мегӯянд “ҳангоми таҳрири ин асар мо аз китобҳо ва луғатҳои гуногун истифода кардем ва баъзе истилоҳоти ҷадидро мавриди истеъмол қарор додем. Ба сабаби то ба имрӯз маълум набудани баъзе истилоҳоти кимиёи ва тиббӣ, шояд ягон мушкилоте ҳангоми қироат пайдо гардад ё ғалате аз ҷониби мо ҳангоми таҳия содир гашта бошад. Бинобар ин бо арзи сипос пешниҳодҳои беғаразонаи хонандагони азизро ба сад дил мепазирем”.
Таҳияи Малика Абдуллоева,
мутахассиси шуъбаи маркетинг ва
менеҷменти фаъолияти китобдорӣ