Китоби нав: Пажуҳишҳо дар таърихи фалсафа ва ирфон

 Асари мазкур ба қалами муҳаққиқи таърихи фалсафаи тоҷик, номзади илмҳои фалсафа Тоҷинисо Муродова тааллуқ дорад, ки ба равшанӣ додан ба саҳифаҳои норавшани таърихи фалсафаи тоҷику форси асрхои XIV-XIX бахшида шудааст. Бояд гуфт, ки дар ташаккули андешаҳои фалсафӣ, маънавӣ, ахлоқӣ-иҷтимоӣ, ирфонӣ ва афкори давлату давлатдории ин асрҳо мақом ва манзалати Имоди Факеҳи Кирмонӣ, Аҳлии Шерозӣ, Шамсуддин Мухаммад Лоҳиҷӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Ҳаким Сафо, Сайиидои Насафӣ ва Маҳмуди Шабистарӣ ниҳоят бузург буд, ки дар ин монография бори аввал аз онхо сухан меравад ва осори онҳо барои хонандаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон пешниход мегардад.

 Ин китоб маҳсули кори чандинсолаи муаллиф мебошад, ки солҳо боз чун ходими пешбари илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекунад ва дар ин муддат як китоб ва мақолаҳои зиёде оид ба фалсафаи тоҷик, аз ҷумла, доир ба афкори фалсафӣ, табиӣ, ирфонӣ ахлоқӣ ва иҷтимоии Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Абуяъқуби Сиҷистонӣ, Шамсуддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ, Мулло Муҳсин, Файзи Кошонӣ, Аҳлии Шерозӣ, Имодуддин Фақеҳи Кирмонӣ, Соиби Табрезӣ, Саййидои Насафӣ, Ҳаким Сафо Маҳмуди Шабистарӣ ва ғайра ба нашр расонидааст.

Ин китобро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Файзиддин Қурбонов,

сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва

менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.