Муаррифии китоб. “Сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ дар шароити мураккаби кӯҳи-геологӣ”
Нашр шуд 2020-11-26 11:21
Ин китоб як дастурамал таълимӣ оид ба иҷрои кори курсӣ ва хатми бакалаврӣ барои донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ихтисосҳои «Сохтмонҳои зеризаминӣ ва шахтаҳо» ва «Сохтмон ва истифодабарии неругоҳҳои обию барқӣ»буда, аз ҷониби Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ чанде пештар рӯи чоп омадааст. Дар муқаддима мехонем:
Солҳои охир дар мамлакати мо ва хориҷи кишвар бунёди иншоотҳои зеризаминии саноатӣ, шаҳрвандӣ, коммуналӣ ва нақлиётӣ аҳамиятӣ бузург дорад. Бо назардошти ин, дар соҳаи сохтмони кишвар барои коркарди усулҳои бунёди иншоотҳои зеризаминӣ диққати махсус дода мешавад.
Яке аз усулҳои самараноки пешбурди сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ усули «Девор дар хок» ба ҳисоб меравад, ки истифодаи он дар таҷрибаи сохтмонҳои давлатҳои ҷаҳон зиёда аз 30 сол мавриди амал қарор дорад. Истифодаи васеъи усули «Девор дар хок» дар таҷрибаи сохтмон сода буда, бо меҳнатталабӣ ва сарфаи кам маъмул аст.
Ин нишондодҳо усули мазкурро берун аз рақобат дар мувофиқа бо дигар усулҳои сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ қарор додаст, махсусан дар муҳити сохтмони шаҳрсозӣ бо мақсади пешбурди сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ дар минтақаҳои сохтмони зичсохташаванда ё ин ки дар ҳудуди ширкатҳои истеҳсолӣ.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки истифодаи усули «Девор дар хок» аз ҳама бештар самаранок ҳисобида шуда, махсусан:
- дар шароити душвори гидрогеологӣ, ҳангоми мавҷудияти сатҳи баланди обҳои зеризаминӣ (СОЗ);
- ҳангоми мавҷудияти таъсири фишори об дар таҷрибаи чуқурии дастрас;
Ҳангоми сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ ва мустаҳкам намудани чоҳбунҳо дар шароити биноҳои мавҷудаи шаҳрӣ.
Истифодаи самараноки усули мазкур махсусан дар шароитҳои душвори геологии ҷумҳуриамон, ки асоси биноҳо ва иншооти гуногунро зардхокҳои фурӯнишини қабаташон гуногун ташкил медиҳад, (то 30м. ва зиёда) ба шумор меравад.
Ҳамчун қоида, ҳангоми бунёди биноҳо дар чунин хокҳо талаботи қатъӣ оиди рафъи хосиятҳои фурӯнишини хокҳо дар тамоми чуқурии қабати фурӯнишин, ки хароҷоти он 20-40% -ро аз нархи харҷномаи бино ташкил медиҳад, меҳнатталаб мебошад.
Истифодаи усули «Девор дар хок» дар ин ҳолат барои якҷоя намудани раванди омодасозии асос ва тарзи ҷойгир намудани таҳкурсиҳо бо истифодаи минбаъдаи қисми зеризаминии бино ё иншоотҳои таъиноташон иҷтимоӣ - фарҳангӣ (варзишгоҳҳо, китобхонаҳо, бошишгоҳи нақлиётӣ, кинотеатрҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо ва ғ.) замини мегузорад. Бо истифода аз ин усул метавон ҳарҷи воситаҳои масолеҳ, меҳнатталабӣ ва сарфаи самараноки вақтро ба даст овард.
Дар сохтмони саноати имрӯза бештар масъалаҳои вобаста ба зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва усулҳои махсус, бо мақсади коркард ва гузариши нақбҳои зеризаминӣ дар минтақаҳои мураккаби гидрогеологӣ муҳокима карда мешавад.
Коркарди нақбҳо дар шароити мурракаби куҳӣ-геологӣ, ҳангоми пешбурди сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ, дар ҷинсҳои куҳии ноустувор, тарқишӣ ва сероб усулҳои махсуси гузариши онҳоро интихоб мекунанд: рӯйбасти даровардашаванда ва фароварданашаванда; коркарди нақб дар ҳавои фишурдашуда; мустаҳкамкунии ҷинсҳои куҳӣ бо тарзи хушккунӣ, қирбандӣ, яхкунонӣ, инчунин силикаткунонӣ ва ғайра.
Яке аз усулҳои самарабахш, ҳангоми пешбурди сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ ин усули яхкунонӣ ва қирбандӣ (сементкунонӣ), ҳисоби иншооти зеризаминии гидротехникӣ ҷинсҳои куҳӣ мебошад, ки дар таҷрибаи сохтмони давлатҳои хориҷа ва давлатҳои ИДМ васеъ истифода бурда мешавад.
Васеъ истифода бурдани усули яхкунонӣ ва қирбандӣ (сементкунонӣ), ҳисоби иншооти зеризаминии гидротехникии ҷинсҳои куҳӣ дар таҷрибаи сохтмон якҷояшавии ҷинсҳои куҳии майдашуда ва пастшавии обгузариро дар сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ маънидод менамояд.
Китоби “Сохтмони иншоотҳои зеризаминӣ дар шароити мураккаби кӯҳи-геологӣ”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Малика Абдуллоева,
шуъба маркетинг ва менеҷменти
фаъолияти китобдорӣ.