Шаҳобиддин Ҳақназар. “Анодил”

Чунин ном дорад китоби Шаҳобиддини Ҳақназар, ки ахиран ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст. Китоб соли 2018 даршаҳри Душанбе чоп шудааст ва қиссаву ҳикояҳои рӯзно манигори хушнависро дар бар гирифтааст. Маврид ба ёдоварист, ки рўзноманигори варзида, муаллифи барномаҳои ҷолиби радиёӣ Шаҳобиддин Ҳақназар дар риштаи наср низ гуфтаниҳои хешро дорад. Ин маҷмўа гулчине аз он гуфтаниҳоро фаро гирифта, умед аст, ки писанди хонандагон гардад.

Шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор ба ин китоб сарсухан навиштааст, ки порае аз онро ин ҷо меорем.

Шаҳобиддини Ҳакназар ба муаррифӣ ва таърифу тавсиф ниёзманд нест. Шахсе, ки худро мешиносад, шахсияти дигаронро низ шинохтаву эҳтиром мекунад. Ў худро ба маъни мусбати ин ибора хуб шинохтааст. Ин худшиносӣ барои шинохтан ва дарк кардани дигарон, хосса қаҳрамонони асарҳояш бе асар набудааст.

Адиб дар ҷодаи мушкилписанди эҷод ду ёр, ду хариф, ду рақиб дорад, қалами сиёҳу қоғази сафед. Вақте ки ин ду рафиқу рақиб бо эҷодкор, ки офаридааш аз чашмаи бинишу пазиришаш об мехўрад, созгор гарданд, осоре арзи вуҷуд хоҳад кард, ки ба истеъдод, маҳорат ва таҷрибаи андўхта такя мезанад.

Адабиёт пургўӣ, якрангӣ ва тақлидро намеписандад. Дарк кардани ин ҳақиқат барои оне ки як ҷаҳон сухани ногуфта дорад, муҳим аст. Оне, ки ин нуқтаро барвақт дарк кардааст, хуб медонад, ки сухан асрор асту суханвар соҳир.  

Оне, ки ба фасли камоли умру эҷод расидааст, суханони ногуфтаи муҳиме дар ганҷури ёду хотира пасандоз дорад.

Шаҳобиддин низ яқин аз рўзи рўзгорон бо худу дигарон гап дорад, гапи беҳудаву беҷову ҳавоӣ не, гапи барҷо, боҳадаф. Ҳарфаш  ҳарфи розу ниёз, ҷустуҷӯ, хоҳиш ниёиш, парастиши ишқу орзуст. Муродаш ба кўйи мақсуд, даргоҳи дили хешу дигарон расидан аст:

Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,

Қаламкашро ба мақсад мерасонам.

Дар ин ҷода адиб бо қаҳрамононаш ҳамроҳу ҳамсафар аст. Ононро хуб шинохтаву озмудааст. Бадаш барояш бади бад, некаш неки нек аст.

Китоби “Анодил”-ро шумо метавонед аз ҳамаи толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ суроғ кунед ва мутолиа намоед.

Таҳияи Файзиддин Қурбонов,

сармутахассиси шуъбаи маркетинг ва

менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.