Зарбулмасал чист?
Зарбулмасалҳои тоҷикӣ қариб тамоми рузгори моддии мардумро дар бар мегиранд. Дар онҳо фарҳанги моддӣ ба монанди хўрок, пўшок, ашёи рузгор, осиёб, танўр; ҳайвоноти хонагӣ: паррандаҳо, ҳашарот; кишоварзӣ, деҳқонӣ, анвои меваҷот, касбҳо ва амсоли ин тасвир шудаанд. Мазмун ва мундариҷаи зарбулмасалҳо гуногун буда, дар онҳо хислатҳои хубу бади инсон инъикос ёфтаанд. Зарбулмасалҳои тоҷикӣ ба таври мўҷаз панду насиҳати инсон аст, ки дар онҳо таҷрибаи шахсони доно ва тавоно ба таври ҷамъбаст ифода.
Зарбулмасал сухани пандомўз, боҳикмат, насиҳатомез, мўҷаз, машҳуру вирдизабонгашта, ки дар нутқ ҳамчун мисол оварда мешавад; яке аз жанрҳои машҳури адабиёти гуфтории мардуми тоҷик. Маҳфуми зарбулмасал дар байни тоҷикон бо вожаҳои масал, мисол, матал, мақол, нақл, қавли машоих, сухани бобоён, қавли бузургон, гуфтаи калонҳо, сухани падарон ва монанди ин ифода ёфтааст. Ҳангоми гуфтани Зарбулмасал гўяндаи он чунин таъбирҳоро ба кор мебарад: «чӣ хеле ки гуфтаанд…», «ба гуфтаи падарон…», «мегўянд, ки…», «бобоён гуфтаанд, ки…», «беҳуда нагуфтаанд, ки …», «бузургон гуфтаанд, ки…», «беҳуда нагуфтаанд, ки…», «дар урфият мегўянд, ки…», «масал ҳаст, ки…», «ҳикмате ҳаст, ки…», «фалони гуфтааст, ки…» ва ғайра.
Дар зарбулмасал воқеа, ҳодиса, мушоҳида, панду андарз ба таври умумӣ ҷамъбасту хулоса мегардад. Зарбулмасал дар истилоҳоти дигаре ба монанди андарзпанд, афоризм, масал иртибот дошта, натиҷаҳои мантиқан қавии иҷтимоӣ, афкори фалсафӣ, андешаҳои равонии инсонро дар бар мегирад. Барои ифодаи зарбулмасал дар фолклоршиносии тоҷик ду истилоҳ- зарбулмасал ва мақол дар канори ҳам ба кор меравад, вале зарбулмасал ва мақол аз якдигар фарқ доранд. Зарбулмасал ба воситаи санъатҳои бадеӣ ба мисли истиора, киноя, тавсиф, ташбеҳ, ташхис, маҷоз ва амсоли ин баён мегардад. Масалан: «Шохи дарахти мевадор хам аст». Ин зарбулмасал ба маҷозу киноя нисбат ба шахси бомаърифат, хоксор ва ҳалим гуфта шудааст. Мақол бидуни санъатҳои бадеӣ гуфта мешавад. Масалан: «Пушаймонӣ суд надорад».
Дар айни ҳол зарбулмасалу мақол аз ҷиҳати сохт ба ҳам наздик буда, дорои як вазифа мебошанд, ки ин ҳам панду насиҳати инсон аст. Ин жанр аз замонҳои бостон то замони мо вирди забони мардум буда, адибони гузашта низ аз он зиёд истифода бурдаанд. Дар маҷмуа ва китобҳои зиёди асрҳои пешин намунаҳои зарбулмасалҳо ҷой дода шудааст. Яке аз маҷмуаҳои муҳим китоби Муҳаммадалии Ҷабларўдӣ «Куллиёти ҷомеъу-т-тамсил ё беҳтарин дастури адабӣ ва ахлоқӣ дар таҳзиби ахлоқу одоб» (Теҳрон, 1371) мебошад, ки муаллиф онро дар асри 17 гирдоварӣ ва нашр намудааст. Бархе аз намунаҳои зарбулмасалҳои ин маҷмуа имрўзҳо низ дар байни тоҷикон ба назар мерасад.
Зарбулмасалҳо мавзуъҳои гуногун –маориф, ҳодисаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва сиёсӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Масалан, дар бораи меҳнат: «Тило дар оташ, одам дар меҳнат маълум мешавад», «Мард бояд, ки ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад», «То ҷон наканӣ, санги сиёҳ лаъл нагардад», «Аз дастам корама гир аз даҳонам нонама гир»; дар тасвири табақоти иҷтимоӣ: «Киҳо кашанд ҷабру ҷафо, киҳо кунанд кайфу сафо», «Замона аз они зўр, тамошо аз они кўр», «Шайхро ҳунар нест, хонақоҳ танг аст»; ахлоқ: «Аз дилозор Худо безор», «Гўри бахил танг аст»; муносибати хонаводагӣ: «Мардро мард мекардагӣ ҳам зан, номард мекардагӣ ҳам зан», «Хонаи марди дузана баракат надорад», «Зани бебача, бўриёи сари кўча», «Хола ба ҷои модар аст».
Зарбулмасалҳои тоҷикӣ қариб тамоми рузгори моддии мардумро дар бар мегиранд. Дар онҳо фарҳанги моддӣ ба монанди хўрок, пўшок, ашёи рузгор, осиёб, танўр; ҳайвоноти хонагӣ: паррандаҳо, ҳашарот; кишоварзӣ, деҳқонӣ, анвои меваҷот, касбҳо ва амсоли ин тасвир шудаанд. Мазмун ва мундариҷаи зарбулмасалҳо гуногун буда, дар онҳо хислатҳои хубу бади инсон инъикос ёфтаанд. Зарбулмасалҳои тоҷикӣ ба таври мўҷаз панду насиҳати инсон аст, ки дар онҳо таҷрибаи шахсони доно ва тавоно ба таври ҷамъбаст ифода шудааст: «Нафси бад-балои ҷон», «Одами бекор- дарахти бебор», «Девор муш дорад, муш гуш дорад», «Ангура хўру боғаша напурс», «Аз як даст садо намебарояд» ва ғайра.
Бештари зарбулмасалҳои тоҷикӣ дар қолаби манзум гуфта шудаанд. Вале аксари зарбулмасалҳои мансур низ дорои қофия ҳастанд, ки санъати саҷъро ба ёд меоранд. Дар зарбулмасалҳо санъатҳои бадеии гуногун ба кор мераванд.Тавсиф: «Ба ҳавло гуфтан даҳон ширин намешавад», «Табиби меҳрубон аз дидаи бемор намеафтад». Ташбеҳ: «Ба ош пашша машав», «Суҳбати нодон-оташи сўзон», «Молу давлат чирки даст аст». Ташбеҳи мураккаб: «Аз гунг кассе сухан нашунидааст, аз бед касе мева начидааст», «Одамизод аз гул нозуку аз санг сахт аст» ва ғайра.
Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ яке аз манбаҳои таҳқиқи ҳаёти маънавии мардум ба шумор рафта, барои дақиқтар омўхтани ҳаёти иҷтимоӣ, равонӣ, фалсафӣ ва таърихи шифоҳии мардуми тоҷик аз ҳар нигоҳ ёрӣ хоҳанд расонд.
Дар бойгонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобҳои зиёди зарбулмасалу мақол, ки солҳои мухталиф чоп шудаанд, вуҷуд доранд, ки хонандагон метавонанд аз онҳо баҳра бардоранд. Аз ҷумла,
«Зарбулмасал ва мақолҳо» [Жанрҳои фолклори тоҷик]-Дар китоби: Асрорӣ В, Амонов Р, Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик. Душанбе,1980, саҳ 78-92-Адабиёт: 7 номгўй.
«Зарбулмасал ва мақолҳои води Бартанг»./Тартибдиҳанда Р Ширинова-Душанбе: 1979, 120 саҳ/ АФ РСС Тоҷикистон Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ/
Фозилов М./Гулчини Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикию форсӣ/ Душанбе, «Дониш» 1976, 374 саҳ.
Фозилов М /Фарҳанги Зарбулмасал, мақол ва афоризмҳои тоҷикию форсӣ/ Душанбе. «Ирфон» 1977 ҷилди 2, 583 саҳ.
«Ҳикояҳои зарбулмасал». Гирдоваранда М Фозилов/Муҳарир З.Воҳидов/.Душанбе «Ирфон» 1967.182 саҳ.
Муқимов Р. «Зарбулмасал» дар кит: Масъалаҳои филологияи тоҷик. Душанбе, 1967 саҳ 42-53.
Бо истифода аз китоби «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” таҳияи
Шаҳло Раҳимова, корманди шуъбаи Маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.