Китоби нав. Зариф Ғулом: «Мори сафед”

Ин китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва ҳамин ду-се рӯз пеш вориди Китобхонаи миллӣ шуд. Дар муаррифии китоб омадааст, ки дар таърихи адабиёт нависандае нест, ки ба навниҳолони боғи ҳаёт асар наофарида бошад. Анъанаи ба хуртаракон ва наврасон бахшидани асарҳои бадеӣ аз сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ба мо нависандагон мерос мондааст. Пасон адибони забардастамон Сотим Улуғзода ва Пӯлод Толис бо истеъдоди нодири худ ин жанри адабиро ба пояи баланди маҳорат бардоштаанд.

Дар маҷмўаи пешниҳодшуда ёздаҳ ҳикоя ва қиссаҳои адиб Зариф Ғулом гирд оварда шудааст, ки он ҳодисаю воқеаҳои ҳаёти хуртаракон ва наврасонро дар бар мегирад. Адиб кӯшиш намудааст, ки дар симои қаҳрамонони хурдсолаш овони кўдакиву наврасии онҳоро ба риштаи тасвир кашад. Муаллиф азобу машаққат, ранҷу душвориҳои зиндагӣ часпу талош ва ҳолати рўҳии қаҳрамонҳояшонро дар роҳи муқаррар намудани ҳастии худ бо забони содаву фасеҳ ва сабки равон тасвир кардааст.  Хонанда аз мутолиаи ин асар сабақи зиндагӣ ва дарси хештаншиносию худогоҳӣ меомўзад.

Гуфтанист, ки  Зариф Ғулом нависандаи сермаҳсул буда, аслан дар жанри моҷароӣ (детектив) асар меофарад. Ў аз хурдсолӣ, аниқтараш аз давраи таҳсил дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо маҳсулоту тавсияи нависандаи маъруфи тоҷик Пўлод Толис ба навиштани асарҳои бадеӣ даст задааст. То ин замон шумораи зиёди асарҳояш рафҳои китобхонаҳои мактабҳо ва Китобхонаи миллии Тоҷикистонро оро додааст, ки маҷмўаи пешиҳодшуда аз ҷумлаи онҳост.  

Маҳсули эҷодиёташ аз ҷониби мунаққидон М.Имомзода, Ш.Раҳмон, Ф.Ҳусайнзода, А.Сайфуллоев, А.Ёрмаҳмадов, Н.Исҳоқӣ, Ҷ.Абдураҳмонзода, М.Муродова, Х.Ниёзов, У.Раҷабов ва Х.Ҳакимзода мавриди баҳогузорӣ қарор гирифта, асарҳояш бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, олмонӣ ва англисӣ ба дасти дўстдорони адабиёти бадеӣ расидааст.

Китоби “Мори сафед”-ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

                                                                                 Меҳринисо Гадоева,

Мутахассиси шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ.