Дар доираи як иқдоми созанда, ки бо номи “Дарахти ман” дар саросари кишвар доман густардааст, кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯзи шанбе ҳашари умумии дарахтшинонӣ доштанд ва дар саҳн ва боғи Китобхона 50 адад дарахтони сӯзанбарг шинонданд. Ба ин ҳол шумори дарахтони сарсабзу сояафкани Китобхонаи миллӣ боз 50
Бо иқдоми неки Роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бевосита муҳтарам Файзализода Ҷ.Х. дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассиса, ташкилоти ибтидоии ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» созмон дода шуд. Ин шаҳодати он аст, ки роҳбарияти китобхона баҳри ҳифзи
Ғараб (Arundo donax), ғарав, савачўб, рустании бисёрсола; то 6 м қад мекашад. Пояаш рост (қутраш 1–3,5 см), баргаш нўгтез (дарозиаш 30-60 см, бараш 1-8 см). Хўшагулаш ҷорўбакшакл (дарозиаш 40-70 см, бараш 5,8 см). Моҳҳои июл – ноябр гул карда, тухм мебандад. Ғараб дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропики Амрико, ҷануби Осиёи Марказӣ, Осиёи Хурд, Қафқоз, Қрим, хамчунин дар Тоҷикистон дар ҷойҳои сернам, соҳили дарё, ҷўйбор, чашмаву кўҳҳои ноҳияҳои ҷанубӣ (дар баландии то 900 м аз с.б.) мерўяд.
Ғараби худрўй кам мондааст. Ҳамчун зироати хўроки чорво парвариш кардани ғараб муҳим аст. Дар мавсим ғарабро ду бор медараванд. Аз он силос ва орди алаф тайёр мекунанд. Дар
Дирӯз, 28-уми феврал Ғанӣ Ҷӯразода, адиби маъруф ва яке аз муваффақтарин адибони кӯдакнависи кишвар дар синни 85-солагӣ баъди беморӣ дар воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Дар ин бора духтари адиби шинохта Фирӯза Аҳрорӣ хабар дод. Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мехонем:
ҒАНӢ ҶӮРАЗОДА 9 январи соли 1936 дар маҳаллаи Мирамони ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи №25 (1956) таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон идома додааст. Пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1961-1993, дар рӯзномаҳои «Комсомолии Тоҷикистон»