Ишқу муҳаббат, самимияту вафодорӣ, дӯстдорию меҳрварзӣ, оромишу осоиш, амсоли ин, вожаҳоеанд, ки аз модар сарчашма гирифта, ба атроф реша паҳн месозанд. Модар, ин олиҳаи ҳусну таровати зебоӣ, бо ҳастии худ ҳаёти моро мунаввару зиндагиамонро шодмон месозад. Бо ҳастии модар зиндагӣ маъвои дигар гирифта, ҳар нафаси мо бедарду беғусса мегардад. Модар паногоҳи азалии беғамиҳо ва маъмани нуру сахост.
Аз азал дар васфи азамату шуҷоат, бузургию нексириштии модар ҳамагон гуфтанду то абад хоҳанд гуфт. Чун даргоҳи бузурги модар ба андозае муқаддас аст, ки тамоми вожаҳои дунё дар партави таҳсину таърифи модар оҷизӣ мекашанд.
Бо ташаббуси шуъбаи кўдакон ва наврасонрўзи 26-уми феврал соли 2021 дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии «Дар суҳбати адиб» бо иштироки шоири бачагон Муродалӣ Собир баргузор гардид.
Маҳфилро муовини сардори шўъба Фирӯза Аҳророва ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба маҳзани илму адаб ва кохи дониш хушомадед
Ғор (Laurus nobilis), дарахти ғор, даҳмушт, дарахти ҳамешасабзи субтропикӣ. То 10-15 м қад мекашад. Сершоху навда, ҳирамшакл. Баргаш чармгун, дарозмўя (дарозиаш 6-20 см, бараш 2-4 см) ё нештаршакл, думчааш кўтоҳ; бўйи тунд дорад. Гулаш майда, сафеди якҷинса; мевааш донакдори сиёҳ. Давраи гулшукуфташ март – июн, самараш моҳҳои октябр – ноябр пухта мерасад.
Ғор аслан аз мамолики соҳили баҳри Миёназамин аст. Дар Туркия, Юнон, Италия, Фаронса, Испания, Португалия ва Албания, соҳилҳои баҳри Сиёҳи Қафқоз, Озарбойҷон дучор меояд. Аз тухм, қаламча, бехҷаст зиёд мешавад. Ғор соли якум зуд сабзида, соли дуюм 60-80 см қад мекашад. Бори аввал дар 4-6 солагӣ гул мекунад.
Муҳтарам аъзои Панели Сатҳи баланд,
Муҳтарам Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Нахуст, мехоҳам аз оғози фаъолияти ташаббуси нав, ки ду масъалаи бисёр ҳам мубрами рӯзномаи муосири рушд, яъне обу иқлимро ба ҳам меорад, истиқбол намоям.
Дар баҳси чистиву чигунагии шеър ва фазову вақт, замону макони милоди ин отифаи руҳонӣ бисёр гуфтаанду гуфтаем, зеро дар осори қадиму ҷадид тафсирҳои фаровоне бар асоси ҳамон омилҳои замониву маконӣ, ҳиссиву маърифатӣ ҷой дорад, ки мо бар асоси онҳо ба тақозои пешаи омӯзгорӣ дар донишгоҳ ба суолҳои донишҷуён посух додаем ва бештар аз ҳама ба пурсиши ҳамешагии онҳо, ки шеър чист? Ба қавли устод Рӯдакӣ «баҳра гирифтан аз таҷрибаи рӯзгор» ва пайванду иртибот бо инсонҳо ҳамоно воқеияти он шинохтанҳои ниёи моро аз шеъру шоирӣ ва шарҳу тафсири он фаровон бароямон омӯхтааст.