Бо ташаббуси Китобхонаи давлатии Русия рўзи 11уми марти соли 2021 Форуми байналмиллалӣ таҳти унвони «Ҳамкории китобхонаҳо: дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳои шарикии дарозмуддат» бо ширкати роҳбарони китобхонаҳои миллии давлатҳои узви ИДМ доир шуд. Дар он директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол дар мавзӯъи
Ғуборӣ шоири тоҷики асри 16. Дар зодгоҳаш Астаробод таҳсил карда, улуми мутадовилаи замонро омўхтааст. Дар манбаъҳо чун шоири ғазалсаро ёд шудааст. Ғуборӣ хушнавис низ буд: хатти ғуборро хеле хуб менавишт. Тахаллусаш аз ҳамин ҳунараш аст. Дар мусиқӣ низ даст дошт. Аз девонаш иттилоъ нест. Абёти зер аз ўст:
Шаб, ки мерафтам ба паҳлуи саги он дилфурўз,
Дар нашриёти «Ойдин»-и шаҳри Тошканд бо саъю талоши шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дафтари аввали «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ бо теъдоди 1000 нусха ба нашр расид, ки 4003 байтро дар бар мегирад.
Муҳаррири масъул Олимҷон Давлатов ва муҳаррир Ойдиниссо Юлдошева дар табъу нашри ин асари арзишманд саҳми босазо гузоштаанд. Шоир ва тарҷумони тоҷик Одил Икром дар таҳкими робитаҳои илмию адабӣ ва муаррифии осори адибони тоҷик дар байни алоқамандони илму адаби
Сафаорати Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Китобхонаи миллиро барои саҳми назаррас дар таблиғи осору аҳволи адиби маъруф Тарас Григоревич Шевченко, ҳамчунин таҳкими дӯстӣ миёни китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Украина бо Сипоснома қадрдонӣ намуд. Онро рӯзе қабл мушовири Сафири Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Семенов ба Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ,