Ширкати Директори Китобхонаи миллӣ дар Форуми байналмилалии «Ҳамкории китобхонаҳо: дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳои шарикии дарозмуддат»
Нашр шуд 2021-03-12 15:00
Бо ташаббуси Китобхонаи давлатии Русия рўзи 11уми марти соли 2021 Форуми байналмиллалӣ таҳти унвони «Ҳамкории китобхонаҳо: дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳои шарикии дарозмуддат» бо ширкати роҳбарони китобхонаҳои миллии давлатҳои узви ИДМ доир шуд. Дар он директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол дар мавзӯъи «Китобхонаи миллии Тоҷикистон: пайвастагиҳои замон ва самтҳои рушд» суханронӣ намуд.
Форуми байналмиллалӣ «Ҳамкории китобхонаҳо: дастовард ва дурнамои ҳамкориҳои дарозмуддат» муддати ду рўз идома хоҳад кард.
Барномаи дурўзаи форум ба беҳтарин таҷрибаи кори китобдорӣ ва зарфиятҳои бештари таъсиргузори қолабҳои ҳамкорӣ байни китобхонаҳои аъзои ИДМ бахшида шудааст. Ин форум ба муносибати 30 солагии ИДМ роҳандозӣ шуд.
Гуфтанист, ки рўзи авали форум 11 - уми март дар шакли ҷаласаи коршиносии «Таҷрибаҳои беҳтарин 2020 – ҳадафҳо барои 2021» оғоз гардид, ки роҳбарони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ИДМ-ро барои баррасии ҳалли масъалаҳои муҳими рушди соҳаи китобдорӣ ҷамъ овард.
Дар ҷаласаи мазкур директори генералии китобхонаи давлатии Русия, ноиби президенти Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё , ноиби президенти Ассотсиятсияи китобхонаҳои Русия Вадим Валеревич Дуда, директори генералии Китобхонаи миллии Беларусия, президенти Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё Роман Степанович Мотулский, директори Китобхонаи миллии Ӯзбекистон, ноиби президенти Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё Умеда Алимҷоновна Тешабоева суханронӣ карданд.
Раҳима Аъзам