Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар сиғаи видеоконференсия
Муҳтарам аъзои Панели Сатҳи баланд,
Муҳтарам Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Нахуст, мехоҳам аз оғози фаъолияти ташаббуси нав, ки ду масъалаи бисёр ҳам мубрами рӯзномаи муосири рушд, яъне обу иқлимро ба ҳам меорад, истиқбол намоям.
Ҳамзамон, барои ташаббуси мазкур ва даъвати ин ҷониб ҷиҳати иштирок дар ин раванди муҳим ба Призиденти Созмони ҷаҳонии метереологӣ ва абзори «Созмони Милали Муттаҳид ва Об» арзи сипос мекунам.
Чи таваре ки маълум аст, обу иқлим бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд.
Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, аз ҳисоби таъсиррасонӣ ба захираҳои об ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо дигаргунӣ ворид менамояд.
Аз дидгоҳи мо яке аз нишондиҳандаҳои асосии раванди мазкур ин обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад.
Мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем.
Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.
Тибқи ҳисоботи “Баҳодиҳии Ҳимолой дар Ҳиндукуш”, мо аллакай то охири садсолаи ҷорӣ метавонем зиёда аз се ду ҳиссаи пиряхҳои Ҳимолойро аз даст диҳем.
Вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст.
Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ дар Тоҷикистон намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.
Ман пиряхи Федченкоро, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, дар назар дорам.
Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст.
Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.
Ҳамтоёни муҳтарам,
Пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд.
Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.
Таҳлили тамоюли таъсиррасонии тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ нишон медиҳад, ки:
Агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафар аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ солона ба зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукааб баробар шуда бошад, имрӯз ин нишондиҳанда зиёда аз чор баробар кам гардида, дар як сол каме зиёд аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.
Мутаассифона, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст.
Ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва накӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.
Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад.
Дар ин робита пешниҳод менамоям, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.
Дар ин қарина ҳамчунин мехоҳам бори дигар пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода сафарбар намояд, хотиррасон намоям.
Итминон дорам, ки иқдомҳои музкур ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ба ҷунбиши нави сатҳи глобалӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурии дастҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва нобудшавӣ такон хоҳанд дод.
Ҳамчунин, ман бар онам, ки ин ташаббусҳо ба таври табиӣ бо табриҳое, ки имрӯзҳо дар доираи Созишномаи Париж аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати кам кардани партовҳои газҳои дуоксид ба фазо ва пешгирӣ аз баландшавии ҳарорати глобалӣ ба зиёда аз ду дараҷа бо меъёри Целсий андешида мешаванд, пайванданд.
Муҳтарам аъзои Панел,
Чи тавре ки ба Шумо маълум аст, Тоҷикистон захираҳои ғании об дорад.
Дар кишвари мо қариби 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад.
Манбаи асосии ин обҳоро захираҳои пиряхии минтақа, ки зиёда аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон қарор дорад, ташкил медиҳанд.
Дар асри 20-ум дар Тоҷикистон зиёда аз чордаҳ ҳазор пирях ба қайд гирифта шуда буд, ки майдонашон ба 8 фоизи масоҳати умумии кишвар баробар буд.
Мутаассифона, бар асари тағйирёбии иқлим ин пиряхҳо бошиддат об шуда истодаанд.
То имрӯз зиёда аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон комилан об шудааст.
Ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид.
Возеҳ аст, ки дар ояндаи миёнамуддату дарозмуддат ин раванд метавонад оқибатҳои хеле вазнинро ба бор орад.
Дар баробари ин тағйирёбии иқлим боиси афзоиши чунин падидаҳои фавқулодаи гидрометереологӣ, ба мисли сел, обхезӣ, хушксолӣ, ярч ва тармафароӣ гардидааст.
Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёт ва муҳити зисти Тоҷикистон зарари хело ҳам калон расонида, талошҳои моро ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувор ҷиддан коста мегардонанд.
Қайд кардан мехоҳам, ки ин гуна таҳдидот хоси дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мебошанд.
Маҳз аз ҳамин сабаб Тоҷикистон дар доираи раёсати худ дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал масъалаи таъсири тағйирёбии иқлимро ба сифати яке аз масъалаҳои афзалиятнок муайян намудааст.
Дар ин зимн мо барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалҳои фаъолтар ва қабули қарорҳои таъхирнопазир ҷиҳати мубориза бо ин таҳдид саъйю талош хоҳем кард.
Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам,
Соли 2020 барои инсоният аз ҳама солҳои ғайримуқаррарӣ буд.
Ҳамагирии КОВИД-19 боиси буҳрони шадиди молиявиву иктисодӣ ва, ҳатто гуманитарӣ гардид.
Зиёда аз ин, соли гузашта гармтарин соле буд, ки ба мушоҳида расидааст.
Ва ин ҳадди ниҳоӣ нест. Тибқи баъзе арзёбиҳо, эҳтимолан моро чи вобаста ба паҳншавии вирусҳои нав ва чи аз лиҳози тағйирёбии иқлим буҳронҳои ҷиддитаре дар пешанд. Ва инсоният бояд ба онҳо омода бошад.
Дар ин иртибот, дастгирӣ намудани ҳама гуна абзорҳои самаранок дар соҳаи ҳифзи захираҳои обӣ ва иқлими глобалӣ зарур мебошад.
Мо муътақидем, ки дар шароити кунунӣ маҳз мавқеъгирии ҳамгироёна метавонад заминаи хуби ҳалли аксари мушкилот, густариши иқтисоди «сабз» ва рушди устуворро фароҳам созад.
Аз нигоҳи мо, дар маҷмӯъ баррасӣ намудани масъалаҳои об, энергетика, амнияти озуқаворӣ, муҳити зист ва иқлим табиатан созгори Рӯзномаи то соли 2030 мебошад.
Дар баробари ин, чунин мешуморем, ки ба масъалаи маблағгузорӣ ба инфрасохтору навоварӣ бояд диққати махсус дода шавад.
Бунёдҳои глобалии вобаста ба иқлим метавонанд ба ин раванд саҳми ҷиддӣ гузоранд.
Мо бар онем, ки ҷиҳати ҳарчӣ бештар оқилона истифода бурдани захираҳои об ва дигар боигариҳои табиӣ суръати баланди рушди технологияҳои нав нақши муҳим хоҳад дошт.
Расидан ба ҳадафҳои мазкур инчунин бе ҳамкорӣ ва шарикии лозима ғайриимкон аст.
Аз назари мо, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои давраи то соли 2028 барои муттаҳид намудани саъйю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ имконоти хуб фароҳам месозад.
Конференсияи байналмилалӣ оид ба шарҳи миёнамӯҳлати ин Даҳа, ки Созмони Милали Муттаҳид пас аз ду сол доир хоҳад кард, метавонад дар ҳамоҳангсозии масъалаҳои обу иқлим нақши калидӣ бозад ва ба ҳалли фарогири онҳо бо мақсади расидан ба рушди устувор мусоидат намояд.
Бовар дорам, ки фаъолияти Панели сатҳи баланди мо ба раванди омодасозии ин чорабинии муҳим саҳми сазовор гузошта, ҷиҳати муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ барои иқдомоти фаъолтар ва қабули қарорҳои саривақтии лозима хидмат хоҳад кард.
Дар ин ҷода ба ҳамаамон муваффақияту барори кор хоҳонам!
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!
Манбаъ: Сомонаи Президенти ҶТ