Ғор (Laurus nobilis), дарахти ғор, даҳмушт, дарахти ҳамешасабзи субтропикӣ. То 10-15 м қад мекашад. Сершоху навда, ҳирамшакл. Баргаш чармгун, дарозмўя (дарозиаш 6-20 см, бараш 2-4 см) ё нештаршакл, думчааш кўтоҳ; бўйи тунд дорад. Гулаш майда, сафеди якҷинса; мевааш донакдори сиёҳ. Давраи гулшукуфташ март – июн, самараш моҳҳои октябр – ноябр пухта мерасад.
Ғор аслан аз мамолики соҳили баҳри Миёназамин аст. Дар Туркия, Юнон, Италия, Фаронса, Испания, Португалия ва Албания, соҳилҳои баҳри Сиёҳи Қафқоз, Озарбойҷон дучор меояд. Аз тухм, қаламча, бехҷаст зиёд мешавад. Ғор соли якум зуд сабзида, соли дуюм 60-80 см қад мекашад. Бори аввал дар 4-6 солагӣ гул мекунад.
Дар Боғи ботаникии шаҳри Душанбе соли 12-уми шинонидан гул кардааст. Ғор рустании сармобардор ва рўшноидўст аст. Тирамоҳ ё зимистон 3-4 ҳиссаи шоху навдаи ғорро бурида, дар ҷойи соя мехушконанд ва баргҳояшро ҷудо мекунанд. Таркиби ғор аз маводди кимиёии гуногун – танин, равғани эфир (то 1%), катенин (1,5- 2,5%), флавоноидҳо, антосианҳо, моддаҳои даббоғӣ, қатрон иборат аст.
Ғорро аз қадим ҳамчун рустании доруӣ истифода мебаранд. Оид ба хусусиятҳои давоии он дар асарҳои Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Абуалии Сино маълумоти ҷолиб дода шудааст. Масалан, Сино ҳама қисмҳои ғорро воситаи гармиовар ва хушксозанда шумурда, бо он иллати шуш, хафақон, заъфияти асаб, фалаҷ, кулинҷ, омосҳои ҷигару сипурз, дарди гўш, буғумдардро табобат мекард. Равғанашро чун давои иллати ҷигар ва ҷўшоби пўстлохашро барои об кардани санги гурда истифода мебурд. Пўстлох, донак ва равғани ғоя воситаи қайовар аст. Обзани барги ғор ҳангоми бемориҳои пешобдон ва бачадон муфид мебошад. Табибони қадим бо қиёми ғор заҳри каждумро безарар мекарданд.
Дар тибби халқӣ равғани ғор барои муолиҷаи тарбод, фалаҷ ва хоришак, холетсистити музмин, дарди санги гурда истифода мешавад. Бо ҷўшоби барги он касалии қанд, бемориҳои даҳону дандон, масона ва бачадонро муолиҷа мекунанд.
Дар тибби муосир марҳами равғани ғор ҷиҳати илоҷи тарбод ба кор бурда мешавад. Барги ғорро 5-10 дақиқа пеш аз пухтани таом ба хўрок меандозанд. Дар Юнони Қадим ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, шоирон, қаҳрамононро бо чанбари ғор (лавр) сарфароз мекарданд (калимаи «лауреат» аз номи лотинии ғор, яъне Laurus бармеояд).
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2017. – Ҷ.5. – С. 105.
Муаллиф: М. Ҳоҷиматов.
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.