Созу сӯзи ранги зиндагӣ. Сарсухани донишманди тоҷик Нуралӣ Нурзод ба китоби Қурбонқул Ҳасанов “Рангу бӯйи зиндагӣ”
Дар баҳси чистиву чигунагии шеър ва фазову вақт, замону макони милоди ин отифаи руҳонӣ бисёр гуфтаанду гуфтаем, зеро дар осори қадиму ҷадид тафсирҳои фаровоне бар асоси ҳамон омилҳои замониву маконӣ, ҳиссиву маърифатӣ ҷой дорад, ки мо бар асоси онҳо ба тақозои пешаи омӯзгорӣ дар донишгоҳ ба суолҳои донишҷуён посух додаем ва бештар аз ҳама ба пурсиши ҳамешагии онҳо, ки шеър чист? Ба қавли устод Рӯдакӣ «баҳра гирифтан аз таҷрибаи рӯзгор» ва пайванду иртибот бо инсонҳо ҳамоно воқеияти он шинохтанҳои ниёи моро аз шеъру шоирӣ ва шарҳу тафсири он фаровон бароямон омӯхтааст.
Њолу ҳавои зиндагонии инсон, шодиву ғам, андўҳу нишот, таассуфу шукр, надомату қаноат ва мисли ин барин отифаҳо боис гардида, ки шеър чун яке аз отифаҳои дигари қудсӣ ба зиндагонии башарият роҳ ёфтаву дар рӯзгори маънавии инсоният ҷойгоҳи хосае пайдо кунад. Руҷӯе кўтоҳ ба маърифати ҳақиқати ин амр бозгӯи он аст, ки шеър воқеан дар қаламрави зиндагӣ бар асоси анҷоми ҳамин рисолати бузургаш, ки маҷмӯи ҳолоти равонӣ, мушкилоту барор, шодиву ғам, андӯҳу ғусса, ғурбату ҳиҷрон ва васлу шодии дидорро таҷассум намудааст, чи миқдор барои башарият хидмат намудааст ва имрӯзу фардову фардоҳои дигар низ хоҳад кард. Воқеан, чӣ миқдор афрод танҳо барои таскин бахшидан ба ғамҳои дарунии хеш аз фишору ранҷу азиятҳои зиндагонӣ дар сояи ин дарахти тануманди рӯҳи инсон, яъне шеър панаҳ бурдаанд. Якеро шояд ишқи маъшуқ, дигареро ғами хиҷрони ӯ, савумро андӯҳи аз даст додани азизону наздикон, они дигарро мушкилоти рӯзгор ва ҳатто якеи дигарро дарки шукри будани тасаллои дил дар зиндагонӣ шоир кардаву ба шеър гуфтан ва анҷоми рисолати суруд раҳнамоӣ намудааст.
Ба кашфи ин нукоти мармузи рӯзгор ва рӯҷӯи инсоният барои дар паноҳи сояи дарахти шеър бештару пештар роҳ гирифтани инсонҳо ҳангоми мутолиаи маҷмӯаҳои ашъори акои Қурбонқул Ҳасанов ва дилномаҳояшон дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоии эшон мерасам. Эҳсос мекунам ва ҳар нафари аҳли мутолеа ҳам дарк мекунад, ки барои таскини қалби хеш аз асари дарду ғамҳои пайвастае, ки барояшон аз тақдиру қисмат дар фосилаи ин фурсате, ки онро зиндагӣ ном ниҳодаанд, расида, шеърро чун пуштувона ва такягоҳе мувофиқ барои хештан пайдо кардаанд. Балки шеър ба суроғашон омада, чун ҳарфи тасаллояшонро ба худии худ ва тамоми ҳамдардону ҳамдарсон бигӯянд. Ин аст, ки ҳамаи ин ранҷу азиятҳои қисмат, аз даст додани хоҳар ва се бародари азиз, фарзанд, падару модари гиромиро бо сабру таҳаммули хос ва шукургузорӣ ба сарнавишту қисмат қабул намудаву дардҳои дили реши худро дар оинаи ҳамон азизони дил – фарду рубоиву дубайтиву ғазалҳо фурӯ рехтаанд. Боз ҳам алорағми ҳамаи ин дарду ранҷҳои аз рӯзгор барояшон расида, ба сӯяш ҳамеша чашми муҳаббат боз намудаву дар ҳузури фариштаи шеър дар зиндагонӣ бо шукру ихлос фарзанди маънавии хеш-дафтари ашъорашонро «Зиндагӣ» ном ниҳоданд. Чун шеърро беҳтарин дӯст, рафиқи шариф, ҳамсафари қаламрави ғамҳо, фаромӯшгоҳи андӯҳҳои хештан пайдо намуда, номаҳои дардолудашонро ба унвони ин маликаи олами рӯё навишта ва дар хилватхонаи хаёл дарди њиҷрону ҷудоиҳои хешро хамӯшона бо забони най нолидаанд. Яъне, шеърро пеш аз ҳама барои худ гуфтаанд, то оромибахши дарди дил бошад ва ҳам битвонад дар баробари таскини дили ҳамдардону ҳамқисматон гардидан, муҳаббатномаҳои шодиву нишот, ҳикмату андарзҳои устодона, пандҳои падарона, садоқатномаҳо ба унвони Ватани азиз, Тоҷикистони беҳтар аз ҷон, азизону пайвандону бузургони миллатро низ чун кабўтарон то фарози осмонҳо парафшон гардонад. Ҳамин ҳолу ҳаво, ҳамин таҳаммулпазирӣ ва истиқболи гарми зиндагонӣ ба маҷмӯи ғаму шодиҳояш боис омада, ки дар муқобили имтиҳони тақдир, бо таҳаммулпазирии аз ниёи шарафманди худ ба меросгирифта қарор гирифта, ба ҳамзамонону ҳатто ҳамдардони худ бо виқори куҳистонӣ садо баланд кунад:
«Агар дарде кашӣ, дарди Ватан каш»….
Ба гуфтаи акои Қурбонқул маҷмӯае, ки ҳоло пешорӯи хонандаи арҷманд чун шореҳи муҳаббатномаҳои ватандорӣ, зиндагидӯстдорӣ, тафсиргару таскинбахши дарди дилҳо, ғамномаву садоқатгуфтаву саодатшунидаҳо қарор мегирад, бо пешниҳоди акои азизи мо Қурбоналӣ Ҳасанов, ки чанде пеш ин ҷаҳони фониро падруд гуфтаву доғи дигаре ба дилашон дар баробари дилҳои ҳамаи мо дӯстону бародарон гузоштанд, «Рангу бӯйи зиндагӣ» унвон гирифтааст ва он ҳам ба хотираи гиромии ин марди наҷиб ва додари азизашон нашр мегардад. Ростӣ, сидқу ихлос ва муҳаббати бузурги бародаронаи акои Қурбонқул бо додарони худ, Қурбоналї, Акрамалӣ ва Карамалӣ намунаи барҷаста ва сабақомӯзи хулусу иродати оини бародарӣ дар фарҳанги хонаводагӣ аст. Афзун бар ин ман ҳам дар баробари маърифати сабақҳое аз ин суннати наҷиб ва ахлоқии олии бародардорӣ ва эҳтироми фарзанди падар аз ин хонавода дарси наҷобати оини дӯст гирифтану дӯст доштанро низ омӯхтаам, ки бо як шиносоиву рафтуомад моро ҳам дар баробари ҷигарбандони падари худ қарор додаву ҳамеша ин иродату эҳтиромро нигоҳ медоштанду медоранд. Борҳо дар маҳфилҳо гуфтаму дар матолибе навишта будам, ки ин байти Мирзо Абдулқодири Бедилро ман бори аввал аз забони падари бузургвори ин бародари азиз Бобои Ҳасан шунида будам:
Ба дил гуфтам кадомин шева душвор аст дар олам,
Нафас дар хун тапиду гуфт: Поси ошноиҳо.
Ҳамеша ва имрӯз бештар аз ин эҳсос дарк мекунам, ки воқеан ин шиори зиндагонии ин бародарон будаву ҳаст, ки риояти онро солҳост мушоҳида мекунаму ба садоқаташон ба ин қавлу амал сипосу сано мехонам. Ҳатто вақте матлабе барои тасаллои дили акои Қурбонқул дар марги ҷонсӯзи акои Қурбоналӣ навиштаву дар саҳифаи худ дар фейсбук гузоштам, нафарони зиёде аз дӯстон дар ҳошияи он барои ман ҳарфи тасаллӣ гуфтанду чандин нафари дигар тамос гирифтаву таслият арз карданд, ба гумони он ки мо бародари хунии худро аз даст додаем. Бале, ҳамин сӯзу сози зиндагонӣ ва шинохти оини бародариву дӯстӣ, ки аз падарҳо бароямон мерос монда, ин муҳаббату иродати беназирро эҷод намуда, ки шарҳу тафсири он аз доираи маърифати мо беру наст. Танҳо ҷои он аст, ки онро мо ҳам битавонем пос дорему ба ояндаҳо интиқол диҳем.
Дар ин маҷмўа, ки дафтари ғазалу чаҳорпора ва такбайтҳои акои азиз, омӯзгори соҳибзавқ Қурбонқул Ҳасанов маҳсуб мешавад, ҳақиқати ин нукот, ин саодату садоқатҳое, ки аз сӯзу сози рангу бӯи зиндагонӣ ҳосил шудаанд, бо забони равону сода, бо самимияти хоси инсонӣ шарҳу тафсир ёфтаанд. Ба таъбири худи муаллиф, маҷмўаи шодиву ғаме, ки асли зиндагиро ба вуҷуд меорад. Умедворам бо мутолиаи ин дилномаву дардномаҳои акои азизи мо нафаре метавонад ба дарди хеш дармон биёбаду қалби реши худро таскин мебахшад ва баробари ин нафарони дигар дарси сабру таҳаммул ва дӯст доштани зиндагониро ва шукру сипосро бо ҳама бешу камиҳояш меомӯзанду шукру сипос бо ин ҳама буду набуд, раҳоварду раҳбурдан ва даст додану аз даст доданҳо хоҳанд омӯхт. Чун ин дафтари ашъор, ки ёдномае рӯшангари чароғи хотираи неки акои гиромиқадр Қурбоналӣ Ҳасанов низ унвон гирифтааст, ман ҳам мехоҳам дар поёни ин парешонгуфторҳои хеш ба унвони ҳарфи тасаллӣ муаллифи китоб - акои Қурбонқул, додари азиз Лочин-ҷигарбанди акои Қурбоналӣ, ҷамъи пайвандону наздикон ва бо умеди он ки ҳамеша рӯҳашон шоду шамъи ёдашон ҳамеша фурӯзон монад, бародарона ин сугномаро манзур мекунам:
Рафтанат зор-зор мегирям,
Ҳамчу абри баҳор мегирям.
Оҳ, афсӯс, сад дареғу дард,
Оби оташнисор мегирям.
Бар тасалло сухан намеёбам,
Навғазал шашқатор мегирям.
Боварам нест, рафтаӣ аз мо,
Ёди ту бешумор мегирям.
Оташе дарун-дарунсӯзам,
Дуди дил, бесигор мегирям.
Айби ман нест ин хамӯшиҳо
Ҳар нафас беқарор мегирям.
Нуралӣ Нурзод
Китоби Қурбонқул Ҳасанов “Рангу бӯйи зиндагӣ” – ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Малика Абдуллоева