Мулоқот бо хонандагони шаш мактаби шаҳри Душанбе

Иқдоми даъват ба Китобхона ва китоб идома дорад.
Баъд аз зуҳри имрӯз, панҷшанбе чанд тан аз кормандони шуъбаҳои маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва Маркази такмили ихтисос ба мактабҳои  № 36, 39, 63, 64,48 ва 49-и пойтахт рафтанд ва аз муҳассислини ин макотиб даъват карданд, ки ба китобхона оянд.
Маъмурияти ин мактабҳо иқдоми Китобхонаи миллиро шоиста донистанд ва аз истиқдоли гармашон пайдо буд, ки мехоҳанд ин гуна даъватҳо ҳамешагӣ бошанд, то хонандагон баъди роҳи мактаб роҳи китобхонаро ёбанд, на ки роҳи дискоклубҳоро.
Муаллимон мегӯянд аксари шогирдонашон пас аз мактаб ба қаҳвахонаҳои интернет мераванд ва вақти худро сарфи бозиҳои компутерӣ мекунанд.
Албатта, роҳи алтернатив роҳи китобхона аст, агар ин роҳро ёбанд.
Кормандони Китобхонаи миллӣ низ хонандагонро бо шароитҳои мусоиди Китобхона ошно карданд, ба онҳо дар бораи толорҳои хониш, теъдоди китобҳо, маҳфилҳо дар Китобхона ва ғайра нақл намуданд.
Дар поёни суҳбат ва анҷоми табодули афкор барояшон варақаву китобчаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.