Дар даҳр чу ман бандаи камтоат нест,
Ҷуз маъсияту бода маро одат нест.
Эзид донад ҳоли маро дар дӯзах,
К-андар тафи гармоба маро тоқат нест.
*** *** ***
Эй чарх, ҳама харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгарӣ шеваи деринаи туст.
В-эй хок, агар синаи ту бишкофанд,
Бас гавҳари қимате, ки дар синаи туст.
*** *** ***
Онҳо, ки ба ҳикмат дурри маънӣ суфтанд,
Дар зоти Худованд суханҳо гуфтанд.
Сарриштаи асрор надонист касе,
Аввал занахе заданду охир хуфтанд.
*** *** ***
На лоиқи масҷидам, на дархӯрди куништ,
Эзид донад, гили маро аз чӣ сиришт.
Чун кофири дарвешаму чун қаҳбаи зишт
На дину на дунёву на умеди биҳишт.
*** *** ***
Май мехӯраму мухолифон аз чапу рост
Гӯянд: “Махӯр бода, ки динро аъдост”.
Чун донистам, ки май адӯи дин аст,
Валлоҳ, бихӯрам хуни адӯро, ки равост.
*** *** ***
Ман бандаи осиям, ризои Ту куҷост?
Торикдилам, нуру сафои Ту куҷост?
Моро Ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ,
Ин байъ бувад, лутфу адои Ту куҷст?
*** *** ***
Бо Ту ба харобот ҳамегӯям роз,
Биҳ з-он ки кунам бе Ту ба меҳроб намоз.
Эй аввалу эй охиру ҷуз Ту ҳама ҳеч,
Ҳоҳӣ ту маро бисӯз, хоҳӣ бинавоз.
*** *** ***
Эй вой, бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест,
Савдозадаи меҳри дилафрӯзе нест.
Рӯзе, ки ту бе ишқ ба сар хоҳӣ бурд,
Зоеътар аз он рӯз туро рӯзе нест.
*** *** ***
Он кас, ки ба хубон лаби хандон додаст,
Хуни ҷигаре ба дардмандон додаст.
Гар қисмати мо набуд шодӣ, ғам нест,
Шодем, ки ғам ҳазорчандон додаст.
*** *** ***
З-ин даҳр, ки буд муддате манзили мо,
Н-омад ба ҷуз аз балову ғам ҳосили мо.
Афсӯс, ки ҳал нагашт як мушкили мо,
Рафтем, ҳазор ҳасрат андар дили мо.
*** *** ***
Ёре, ки дилам зи баҳри ӯ зор шудаст,
Ӯ ҷойи дигар ба ғам гирифтор шудаст.
Ман дар талаби илоҷи худ чун кӯшам,
Оне, ки табиби мост, бемор шудаст.
*** *** ***
Эй бас, ки набошему ҷаҳон хоҳад буд,
Не ном зи мову не нишон хоҳад буд.
З-ин пеш набудему набуд ҳеч халал,
З-ин пас чун набошем, ҳамон хоҳад буд.
*** *** ***
Афсӯс, ки сармоя зи каф берун шуд,
В-аз дасти аҷал басе ҷигарҳо хун шуд.
Кас н-омад аз он ҷаҳон, ки орад хабаре,
З-аҳволи мусофирон бигӯяд, чун шуд?
*** *** ***
Аз омадан набуд гардунро суд,
В-аз рафтани ман ҷоҳу ҷалолаш нафузуд.
В-аз ҳеч касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чӣбуд?
Қаҳба—зани бадгашт