Бачаҳо дар маҳфили “Дастони моҳир” аз Юрий Гагарин ва парвози наухстини инсон ба Кайҳон ёд карданд. Ва боз чӣ ёдҳое: тасвирҳои ҷолиб, нақлҳои шуниданӣ ва офариниши манзараҳои дилнишин аз ҷараёни парвоз.
12-уми апрел рӯзест, ки аввалин маротиба дар таърихи башар инсон сӯйи Кайҳон роҳ кушод. Ин нахустинпарвозро Юрий Гагарин анҷом дод ва он замон мову Гагарин ҳамватан будем ва кишвари мо Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ном дошт. Тоҷикистони азиз ҷузъе аз ин қудрати ҷаҳонӣ маҳсуб мешуд ва ифтихори парвози аввалин ба Кайҳон ифтихори мо низ буд.
Аввалин нуктае, ки дар маҳфили имрӯз аз забони мураббӣ садо дод, ҳамин буд. Яъне, ошноии ширкаткунандагон бо вижагии 12-уми апрел. Ва албатта, дар бораи Юрий Гагарин ҳам маълумот доданд, ки кӣ буду чикора.
Гуфта шуд, ки Гагарин ҳавонаварде буд, ки тайёраҳои навро аз санҷиши аввал мегузаронд ва бори нахуст савори киштии кайҳонӣ рӯ ба Кайҳон овард ва башариятро аз парвоз ба сӯи ситорагон ово дод.
Ин ҳодиса 56 сол пеш, яъне соли 1961 иттифоқ уфтода буд. Парвози аввалин хеле кутоҳ буд: Юрий Гагарин 1 соату 48 дақиқа дар фарози осмон, дар гирди Замин парвоз кард ва саломт ба Замин нишаст.
Мураббӣ ба ширкаткунандагон нақл кард, ки пеш аз инсон ду саг ба кайҳон фиристода шуда буд.
Ҷолиб он буд, ки бачаҳо маълумоти муқаддамотӣ дар бораи рӯзи Кайҳону парвози инсон доштанд. Вале дар ин нишаст гӯшу ҳуш шуданд ва дониши худро дар ин бора мукаммал карданд.
Сипас, ба кашидани расму сохтани киштиҳои кайҳонӣ шуруъ намуданд. Киштиҳоро аз коғазҳои ғафс омода карданд, онҳоро бо пахтаву ширеш ба ҳам васл карданд ва манзараи парвози аввал ба кайҳонро омода сохтанд. Бахшида ба ин рӯз дар толори хониши кӯдакон як намоиши хурди аксҳову китобҳо ташкил шуда буд, ки бачаҳо он китобҳоро тамошо ва саҳифагардонӣ карданд.