“Офтобаки ман”-и “Дастони моҳир”
Нашр шуд 2016-05-12 18:47
Ширкаткунандагони маҳфили навбатии толори кӯдакон ва наврасон ин бор тасвири Офтобаки баҳориро кашиданд.
Мураббиён чун анъанаи дерин дар бораи мавзуъ ва супориш суҳбати муфассал карданд. Албатта, дар бораи Офтобу Замину дигар Сайёраҳо савол карданд ва ба атфол фаҳмонданд, ки Офтоб барои ҳаёти инсон чӣ нафъ дорад.
Ҳоло баҳор аст ва баъди баҳор навбати тобистон, яъне гармое, ки онро Офтоб ба Замин ҳадя мекунад. Аз ин рӯ атфол расми ин падидаи нодири осмониро аз дидгоҳи худ ба риштаи тасвир кашиданд.
Ва расмҳои аҷибе пешкаш шуданд, ҳар кадом ифодагари завқу салиқа муаллиф буд. Яъне, Офтоб дар тасаввури кӯдакон худ мавзуъи ҷолиб аст.