Бахшида ба Рўзи байналмилалии ҷавонон бо ташаббуси Ташкилоти байналмилалии “Ҳамсол ба ҳамсол” дар меҳмонхонаи “Шератон” чорабинии фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Фаридун Азизов ва Барно Самиева иштирок намуда, дар мавзўи “Дастовардҳои имрўзаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон” намоиши китоб ташкил намуданд.
Ширкаткунандагон, ки бештар ҷавонон буданд, таваҷҷуҳи онҳо ба ҳунарҳои дастӣ, кандакорию рассомӣ ва китобҳои илмию бадеии тозанашр дида мешуд.
Чорабинии фарҳангию маърифатии ба Рўзи байналмилалии ҷавонон бахшидашуда аз ду қисмати асосӣ: бахши маориф ва бахши фарҳанг иборат буд, ки дар он ташкилоту муассисаҳои фарҳангии шаҳри Душанбе ва намояндагиҳои давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон бо ташкили намоиши дастовардҳои илмию фарҳангии худ иштирок намуданд.
Дар бораи фаъолияти имрўзаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Ф. Азизов ва Б. Самиева ба иштирокчиёни чорабинӣ маълумот дода шуда, маводҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд.