Дар “Ҳафтаи ҷавонон”, ки ба истиқболи “Иди ҷавонон” эълон шудааст, дар Китобхонаи миллӣ чорабиниҳои варзишии бозии футбол оғоз шуданд.
Ин бозиҳо аз 12-уми май шуруъ шуданд ва дар он шаш даста миёни ҳам рақобат мекунанд.
Дар назар аст гуруҳҳои пешсаф аз ҷониби роҳбарияти Китобхона ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаҳо шаванд.
Маврид ба ёдоварист, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба насли наврасу ҷавон буд. Ҳамчунин эълон гардидани соли 2017 соли ҷавонон нишонаи олии эҳтирому эътиқоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони соадатманди диёр ва дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумат қарор доштани ин қишри ояндасози кишвар мебошад.