Забони дарӣ, яъне забони имрўзаи мо дар ҳама навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрўз ҷузви Тоҷикистон аст, нахуст падидор шуда,...сипас ба мағриб ва Шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз ислом забони паҳлавӣ будааст, рафта ва забони саросари Эрон шудааст.
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба масъалаи таърихи пайдоиш, рушду инкишоф ва таҳаввулу такомули забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ бахшида шуда, аз муқаддима, 6 боб, 26 фасл, хулоса ва китобнома иборат аст. Китоб 492 саҳифаро дар бар гирифта, бо аксу тасовири ба мундариҷаи китоб вобаста зиннат дода шудааст. Ин китоби пурарзиш соли 2016 аз тарафи нашриёти «Эр-граф», дар шаҳри Душанбе бо сифати баланд ба табъ расидааст.
Нуҳ нафар кормандони китобхонаҳои донишгоҳҳои аграрӣ ва техникии Тоҷикистон бо хатми давраи кутоҳмуддати сайёри омӯзишӣ соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Ин давраи якмоҳаи омӯзишӣ дар мавзуъи «Фаъолияти китобдорӣ - иттилоотӣ» баргузор шуд ва дар он кормандони китобхонаҳои Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик Муҳаммад Осимӣ ширкат карданд.
Субҳи имрӯз, 26-уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии олимону муҳаққиқони ҷавон дар мавзуъи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор шуд.
Дар Конфронс намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, МНМО, Академияи илмҳо, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Маркази
Шиорест, ки ҳамакнун ба даъват табдил шудааст. Зиёда аз 300 нафар мубаллиғони созмони ҷавонони Созандагони Ватан ва кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи панҷшанбе, 25-уми май ба чор гуруҳ тақсим шуданд ва бо шиори Саодати ҷавонӣ дар китоб аст даст ба даъвати сокинону меҳмонони пойтахт ба Китобхона заданд.
Гуруҳи аввал корро аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон оғоз кард ва то ба Донишгоҳи