Субҳи имрӯз, 26-уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии олимону муҳаққиқони ҷавон дар мавзуъи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон” баргузор шуд.
Дар Конфронс намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, МНМО, Академияи илмҳо, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи забон ва истилоҳот, Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, ҷумлае аз ректорони макотиби олии кишвар, таҳлилгарон, пажуҳишгарон ширкат намуданд.
Иштирокдорони Конфронс дар ду бахш: “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон” ва “Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат – раҳнамои мо ҷавонон барои имрӯзу ояндаи дурахшон” ҳудудан 30 маърӯза шуниданд.
Аҳ ҷумла Ғайбулло Икромов дар мавзуъи “Ҷавонони Тоҷикистон дар раванди таҳаввулоти сиёсии солҳои 90 асри ХХ”, Фарзона Забирзода дар мавзуъи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккулёбии сиёсати давлатии ҷавонон", Ҳ.Соҳиназарова дар мавзуъи “Эмомалӣ Раҳмон сулҳофарин ва ҳимоятгари сиёсати давлатии ҷавонон”, Сайдулло Қувватов оди ба “Мактаби роҳбарӣ ва сиёсии пешвои миллат заминаи боэътимод ва муосири давлатдорию давлатсозӣ”, Иноятулло Каримов оиди “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи сиёсии ҷавонон”, Маҳмадалӣ Қурбонов дар бораи “Ғамхорӣ ба ҷавонон ғамхорӣ ба ояндаи миллат”, Фаридун Давлатов дар мавзуъи “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон: вазъи имрӯза ва дурнамо”, Ҷовидон Сафаров “Ваҳдати миллӣ асоси тавҳиди ҷавонон”, Аълохӯҷа Холов оид ба пандҳои Пешвои миллат ба ҷавонон ва мавзуъҳои дигар баромад карданд.