Идомаи сабқати футбол миёни шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ

Сабқати футбол миёни шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ, ки аз 12-уми май оғоз шуда буд, ҳамоно идома дорад. Ин мусобиқот ба истиқболи Рӯзи ҷавонон созмон ёфтааст ва қарор аст гуруҳҳои пешсаф дар ниҳояти кор бо ҷоизаҳои роҳбарияти Китобхона ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шаванд.
Аз сӯйи дигар созмондиҳандагони бозиҳои варзишӣ бар ин назаранд, ки шуғли варзиш теҳтарин роҳи тарбияи бадан ва солимии руҳу равон аст. Варзиш аст, ки баданро солим нигоҳ медорад ва инсонро аз сирояти ҳар гуна бемориҳо ҳифз мекунад.
Аз сӯйи дигар ҷомеаи солим ниёз ба ҷавонони солим дорад. Яке аз барномаҳои муҳими Соли ҷавонон, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, рушди варзиш дар кишвар ва ҷалби беш аз пеши ҷавонон ва умуман сокинони мамлакат ба варзиш аст. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат зикр гардидааст.
Ҳоло Президент ва Ҳукумати кишвар талош доранд, ки дар қатори бунёди иншоотҳои дигари маорифу фарҳанг ба сохтани варзишгоҳҳову толорҳои машқ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунанд.
Бозиҳои футбол ҳоло миёни шуъбаҳои Китобхона бо шавқ идома доранд ва қарор аст дар остонаи Рӯзи ҷавонон ҷамъбаст шаванд.