Вуруди атфол ба Китобхона афзуд

Дар бахши адабиёти бачагон ва наврасон дар соли 2015 4866  хонанда омад. Кўдакон ва наврасони аз синни 3 то 14 солаи ба толор  омада, дониш ва ҷаҳонбинии худро тавассути мутолиаи китобҳо ва истифодаи барномаҳои компютерӣ сайқал доданд. Инчунин кўдакон ва наврасон аз 14 компютере, ки дар толор насб карда шудааст, истифода намуданд. Дар компютерҳо барномаҳо барои омўзиши забони русӣ, донишҳои риёзӣ, адабиёт, таърих ва дигар фанҳо насб карда шудаанд. Мақсади ниҳоии ин бахш пеш аз ҳама таъмин ва дастрас намудани кўдакон бо компютер ва барномаҳои компютерӣ мебошад.
Бо ташаббуси кормандони бахши адабиёти кўдакон ва наврасони шуъбаи маркетинг ва менечменти фаъолияти китобдори якчанд чорабиниҳо ва вохӯриҳо бо адибон гузаронида шуд. Аз он ҷумла, 23 –уми феврал  “Рўзи артиши миллӣ” ва    8-уми март “ Рўзи иди модарон” ва “Дастони моҳир” ташкил карда шуд.
Кўдакон ҳар гуна туҳфаҳо аз қоғазҳои ранга омода намуданд, шеърхонӣ карданд ва дар  викторинаҳо ширкат варзиданд.
Моҳи  апрел бахшида ба Фестивали ҷумҳуриявии “«Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасони Тоҷикистон», ки аз 2 то 9-ум идома дошт, вохўрии шоирони ҷавон аз Иттифоқи нависандагон бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии № 8, 11, 34, 53 гузаронида шуд. Дар мулоқот шоирони ҷавон Рудобаи М. Маликаи А. Хиромони Н. иштирок намуданд. Инчунин аз Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагона ба номи Мирсаид Миршакар 2 нафар корманд ҳузур доштанд.
19 майи соли 2015 вохӯрии бо адиби шинохтаи кишвар Ғанӣ Ҷуразода бо мактаббачагони  мактабҳои №1, 9, 60  гузаронида шуд.
      30-31 майи соли 2015 дар  толори кўдакон ва наврасон бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон 300 нафар аз озмуни “Овози тиллоӣ” ва 400 нафар аз ҳар ноҳияҳо ва вилоятҳо омада аз Китобхонаи миллӣ дидан намуданд. Инчунин дар ҳамин рўз аз тарафи хонандагони мактаби № 87-и шаҳри Душанбе намоиши либосҳои миллӣ пешкаши кўдакон ва наврасон гардид.