Лаҳзае бо Латофат Кенҷаева

Бо ин шоираи маъруф хонандагони Китобхонаи миллӣ на аввалин бор аст, ки вомехӯранд. Латофат Кенҷаева аз ҷумлаи он афродест, ки ҳамеша омодаи мулоқот бо ханандагонаш аст ва ҳамеша даъвати Китобхонаи миллиро барои мулоқот бо хонандагони наврас ба ҷон мепазирад.

Субҳи рӯзи сешанбе, 26-уми январ низ шоираи маҳбуб бо даъвати Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо дастовезе аз навиштаҳои тозааш вориди толори хониши кӯдакон шуд ва соате бо онҳо мулоқоту суҳбати гарм дошт.

Вай аз шеърҳои тозаи худ қироат кард, ба саволҳои хонандагон посух дод.

Шоираи маҳбуб гуфт, ки Китобхонаи миллӣ як макони маърифат аст ва ин ҷо ҳамаи шароит барои омӯзиш муҳайёст.

Вай аз хонандагони ҷавон хост, то бештар мутолиа кунанд, вақти холии худро дар Китобхона гузаронанд ва ё ҳатто агар дар хона ҳам бошанд, ҳамеша бо китоб бошанд, чун китоб ягон рафиқи меҳрубон ва дӯсти қадрдонест. 

Латофат Кенҷаева  шоир, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, 8 июни соли 1950 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд дида ба олам кушодааст.  Баъди хатми мактаби миёнаи № 1 ноҳия соли 1967 ба Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) дохил шуда, факултаи журналистикаро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Фаъолияти кориаш аз Кумитаи давлатии телевизион ва радио шуруъ шудааст. Муддате дар Сарредаксияи гуфторҳои ададбии радио кор кардааст ва баъд бо роҳхати ин кумита  дар бахши  дар Тошканд будаи Институти радио ва телевизиони умумииттифоқӣ таҳсил намудааст.  

Аз соли 1981 дар маҷаллаи ҷавонону наврасон "Истиқбол" (собиқ "Машъал") ба ҳайси сардабир то имрӯз кор мекунад.  

Китобҳои Латофат Кенҷаева:  

"Лолаарӯсак" (1980),

"Таронаҳо" (1982),

"Марҷони ранга" (1986),

"Шарораи хотираҳо" (1990),

"Сандуқчаи марворид" (1997),

"Рози шабнам" (2000),

"Мусича ва Дурдона" (2003),

"Оҳи гусаста" (2003),

"Нома ба бародар" (2005),

"Гурбаи Сомон ва ҷӯҷаи Ораш" (2005),

"Наҷотбахши дунё кист?" (2005),

"Қофиябозӣ 1-2" (2006),

"Шеърҳо" (2009),

"Хилвати гесӯ" (2009),

"Фариштае ба нури орзу" (2009),

"Афсонаи Тилонур" (2010),

"Гаҳвораҷунбон" (2010),

"Саргузашти чуҷаи доно" (2012),

"Қофиябозӣ - 10" (2013),

"Мӯрчаяки баднафс" (2013),

"Зиёфат" (2013),

"Афсонаи 10" (2013),

"Бозии рустшавакон" (2013),

"Шукрон, куҷоӣ?" (2014),

"Очабузи Шоҳона" (2014),

"Садбарги ҳае" (2014). 

Ҳамаи ин китобҳои Латофат Кенҷаеваро метавонед аз Китобхонаи миллӣ дастрас намоед ва хонед.