Китобхонаи миллӣ дар маҷаллаи IDEAS

Маҷаллаи реклому эълонҳои IDEAS дар охирин шумораи худ як саҳифаро ба Китобхонаи миллӣ бахшидааст. Ҳадаф раҳнамоии корафтодагон ба толорҳои замонавиву муҷаҳҳази ин боргоҳи маърифат аст.
Маҷалла менависад, ки “Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои  9 толор ва маҷлисгоҳи барҳаво бо 1100 ҷои нишаст барои гузаронидани

* Ҷаласаҳо ;
* Форумҳо;
* Симпозиум;
* Вохўриҳо;
* Семинарҳо;

тренинг ва чорабиниҳо мебошад.
Маҷалла менависад, ки Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саҳми худро гузоштааст:

• Ҷаласаи якуми Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Форуми XI – уми Созмони Ҳамкории Шанхай, Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон;

• Ҷаласаи 2 – уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Мутаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ;

• Ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус;

• Семинар таҳти унвони «Имкониятҳои рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

• Чорабинии «САSА-1000 ва дурнамоии рушди ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ»;

• Ҷаласаи XIV Комиссияи байни давлатӣ оид ба ҳамкориҳои ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ғайраҳо.

Курсҳои забономўзӣ бо ҷалби омўзгорони соҳибихтисосу ботаҷриба:

  • русӣ,
  • инглисӣ,
  • чинӣ,
  • куриёӣ,
  • арабӣ,
  • фаронсавӣ