Дар идомаи талошҳо барои ҷалби донишҷӯён ва мактабиён ба китоб ва китобхона имрӯз кормандони Маркази Тоҷикшиносӣ ва Қонуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон рафтанд.
Мулоқот дар ин муассисаҳои таълимӣ бо донишҷӯёни солҳои 2-юм ва 3-юм баргузор шуд ва табиист, ик дар миёни онҳо касоне, ки аъзои китобхона убдаву муттасил ба он омадурафт доранд, кам набуданд. Танҳо дар миёни ширкаткунандагон бештар аз 30 нафар изҳор доштанд, ки дар даст корти аъзогии Китобхонаи миллиро доранд.
Донишҷўён оид ба сайти Китобхона, китобҳои электронӣ ва омўзиши забонҳо бо кормандон саволу ҷавоб намуданд.
Ин гуна мулоқот тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда дар мактабҳои рақамҳои 32, 33, 37, 38, 43, 46-и шаҳри Душанбе низ баргузор шуд.
Кормандони шуъбаҳои маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ, адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ ва адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар ин мулоқотҳо доир ба имконият, хизматрасонӣ, толорҳои хониш, шуъбаҳо, тарзу тариқи узвият дар Китобхона маълумот доданд.
Аз ҷониби омўзгорону хонандагон оид ба шумораи умумии аъзои Китобхона, мавҷудияти маводи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, шумораи хонандагони хориҷӣ, бойгонӣ, тартиби хизматрасонии кормандон ба хонандагон, механизмҳои ҷалби хонандагон ба Китобхона саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба ин саволҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Дар интиҳо пешниҳод гардид, ки тавассути соатҳои тарбиявӣ баргузории саёҳат дар шуъбаву толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ роҳандозӣ карда шавад.
Ин гуна вохӯриҳо ҳафтаи оянда низ идома хоҳанд кард.