Орзуҳо ҳама рафтанд ба хок, Хок дигар чӣ орзу дорад?
Аз субҳ то ба ин соат шабакаҳои иҷтимоӣ лабрез аз арзи тасаллият ба яке аз фарзандони донишманду инсони саропо меҳр Алишери Муҳаммадист. Аллакай ин тасаллияту ин меҳрномаҳо шояд ба садҳо саҳифа расидаанд. Рафтани соҳибдиле чун Алишери Муҳаммадӣ сода нест. Марги ӯ садҳо нафарро гирёндаву садҳо тани дигарро аз ҷумлаи пайвандону дӯстонаш дар сӯг нишонда. Алишери нотакрор, ҳамкори ҳалиму донишманди мо дигар миёни мо нест.
Рисолаи доктории ӯ нонавишта монд, садҳову ҳазорҳо мисраъ шеъраш ногуфта, ҳазорон сатри пажӯҳишаш рӯи коғаз наё мада...
Аз ӯ хотираҳое монда аз хоксориҳои ӯ, инсонияти ӯ, муҳаббати саршораш ба Меҳан, ба обу хоки диёр, ба ҳамкорону дӯстон...
Ёдат ба хайр, эй ҳамнаво ва эй ҷавонмарди фозил!
Алишери Муҳаммадӣ 22.06.1977 дар ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1999 Донишгоҳи давлатии милии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст.
Соли 2011 шуъбаи аспирантураи Пажўҳишгоҳи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро хатм намудааст.
Аз соли 2005 аъзои Иттифоқи нависандагон ва аз соли 2007 узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мебошад.
Алишери Муҳаммадӣ фаъолияти кориашро соли 1997 ба сифати муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи №1-и шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт шурўъ намудааст. Баъдан дар вазифаҳои муаллим, директори мактаб, мушовири шуъбаи маориф, мудири шуъбаи фарҳанг ва иҷтимоиёти дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт, сармутахассиси «Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно», директори Корхонаи воҳиди давлатии «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ адои вазифа намудааст.
Тўли панҷ сол (2001-2005) вазифаи котиби масъули рўзномаи соҳавии «Маърифат»-и шуъбаи маорифи ноҳияи Раштро ба ўҳда дошт. Аз моҳи август то моҳи декабри соли 2014 ба ҳайси сармутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллӣ ва баъдан то моҳи ноябри соли 2017 ба сифати сардори ҳамин Марказ фаъолият намудааст.
Аз соли 2017 то инҷониб дар вазифаи мудири редаксияи назорати илмии Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» таъйин гардида, ҳамзамон аз соли 2019 ҳамчун корманди шартномавии Маркази «Тоҷикшиносӣ» дар Китобхонаи миллӣ фаъолият менамуд.
То имрўз намунаи эҷодиёти ў дар рўзномаву маҷаллаҳо борҳо ба табъ расидаанд. Се маҷмўаи ашъораш – «Никоҳи аҷуза» (соли 2003), «Ранги ҳавасҳо» (соли 2005) ва «Сафинаи зиё» (соли 2009) ба табъ расидаанд. Маҷмўаи «Сафинаи зиё» соли 2013 сазовори Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гардидааст.
Соли 2017 дар мавзўи «Нақши арзишҳои сўфия дар бартарафсозии бўҳрони маънавии муосир» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Дар айни ҳол барои таҳияи рисолаи докторӣ машғул буд.
Ҳамчунин ба таҳия ва баргардони матни асарҳои фалсафӣ машғул буда, солҳои 2012-2013 асари муътабар – «Вазеҳу-л-баён»-ро аввал ба хати форсӣ ва баъдан бо кирилӣ ба табъ расонид.
Хизматҳои Алишери Муҳаммадӣ бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (соли 2004), Ифтихорномаи Вазорати маориф (соли 2004), инчунин бо Ифтихорнома (соли 2004) ва Дипломи (соли 2009) Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудаанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ карда шуд.
Бо забони русӣ хуб сухан меронд, забонҳои англисӣ ва арабиро бо истифода аз луғат тарҷума мекард.
Шабакаҳои иҷтимоиро ин шеъраш, ки се сол пеш навишта буд, тарконд. Гӯё медонист, ки ҳамин рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо ё солҳо маргаш фаро мерасад ва гӯё медонист хеле зуду бармаҳал тарки олам мекунад...
МАРГИ МАН ЧИСТ?
Марги ман чист?
Чанд рўзе гиряҳои носавоби модарам,
Хандаҳову шўхиҳову тираакси ман ба хоби хоҳарам,
Лаҳзае чанд ашки шўру ҳасрату андўҳи талх
Бар ҷабини нуқратоби ҳамсарам,
Баъди чанде боз хушҳолию хушгўйи – фаромўшии ман.
Марги ман чист?
Норасида бар замин афтодани себ аз дарахт,
Номаҳал бар тифлаконам бевафоиҳои бахт,
Даври хона – ёру душман,
Байни хона – мову рахт,
Баъд аз ин танҳоию ман,
То замоне бистари холӣ канори ҳамсарам.
Марги ман чист?
Шеърҳои нимсуруда,
Бўсаҳои норабуда,
Киштаҳои нодуруда,
Бар замин афтодани як ахтари наҳс аз само,
Роҳ бурданҳои марди хокие сўйи Худо.
Манижабону Убайдуллоева
С ў г в о р ӣ
Садорат, кулли кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва ёру дўстон аз марги нобаҳангоми собиқ сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ” Алишери Муҳаммадӣ бениҳоят андўҳгин буда, аз Худои мутаол ба он кас рўҳи шод ва манзили ободи охират талаб менамоем ва ба наздикону пайвандонаш сабри ҷамил хоҳонем.
Марҳум муҳаққиқи серкор ва дақиқназару пухтакор буда, дар баробари ин завқу қареҳаи фитрии шоирӣ низ дошт.
Ҳамчунин дар таҳриру тасҳеҳи китобҳои силсилаи «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) А. Шишов «Тоҷикон» тарҷумаи Ислом Юсуфӣ бо таҳриру тасҳеҳи Алишери Муҳаммадӣ, соли 2015 ва китоби «Бохтар» ҷилди 1 таҳияи Назри Яздонӣ бо таҳрир ва тасҳеҳи Алишери Муҳаммадӣ соли 2019 рўйи чоп омадаанд, саҳми воқеан арзанда дошт.
Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем!