Мизи мудаввар: Фарҳанги китобдории тоҷикон дар масири тамаддун
Нашр шуд 2019-09-06 10:57
Қабл аз зӯҳри дирӯз бо ташаббуси Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Китоб таҳти унвони «Фарҳанги китобдории тоҷикон дар масири тамаддун» мизи мудаввар доир гардид.
Мизи мудавварро муовини директори Китобхонаи миллӣ, Гадобек Маҳмудов ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо ҷашни китоб ва 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд ва роҷеъ ба барномаву ҳадафҳои мизи мудаввар нақл кард.
Гадобек Маҳмудов қайд намуд, ки “ҳадаф аз баргузории чорабинӣ руҷӯи таърихӣ ба фарҳанги девондориву китобнависӣ, тамаддунофариву давлатдории халқи тоҷик ва баҳрабардорӣ аз осори мондагору инсонгароёнаи ниёкони тоҷик мебошад, ки ҷиҳати рушди рўзафзуни соҳаи китобдорӣ, ҷалби оммаи васеи мардум ба китобу китобхона ногузир арзёбӣ мегардад”.
Сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии тоҷик, номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ дар дар мавзӯи «Нақши сарчашмаҳои хаттӣ дар худшиносии миллӣ», ходими илмии Институти забон ва адабиёти Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ, номзади илмҳои педагогӣ Ҷамолиддин Саидзода дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами худшиносиии миллӣ», ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлаталӣ Убайдуллоев дар мавзўи «Ҷойгоҳи китобу мутолиа дар тамаддуни тоҷикон» андешаронӣ намуданд.
Дар охир, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ Дустзода Афзалшо баромад намуда, аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор”-и ноҳияи И. Сомонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бо сипосномаҳо қадрдонӣ намуданд.
Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави МИЛОД