Идомаи даъват ба китобхона дар мактабҳои пойтахт
Нашр шуд 2016-10-08 10:45
Ҳайати кормандони Маркази «Тоҷикшиносӣ» ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхона ба мактабҳои таҳсилоти умумии № 54, № 44 ва № 62 –и пойтахт рафтанд, то дар доираи барномаи ҷалби хонандагон ба китобу Китобхона бо хонадагони ин мактабҳо суҳбатҳо доир созанд.
Суҳбати аввал бо омӯзгорон ва ханандагони мактаби таҳсилоти умумии № 54 буд. Дар оғоз бо зумрае аз муаллимон ва сипас дар як синфхона бо хонандагон мулоқот карданд.
Дар суҳбат аввалан каме дар бораи фаъолият ва имкониятҳои Китобхона гуфтугў намуданд ва сониян бо суолҳои хонандагон то ҳадди имкон ҷавоб гардониданд. Солисан, ба хонандагон барои маълумоти кофӣ доштанашон маълумотнома аз китобхона, яъне брошюраҳо тақсим гардид. Ҳамзамон баъд аз ба анҷом расонидани мулоқот гурўҳи корӣ хонандагонро барои дарёфти илму дониш ба боргоҳи маънавиёт даъват намуданд.
Бо ҳамин минвол ҳайати корӣ мувофиқи барнома самти Муассисаи таҳсилоти умумии № 44 равона гардид. Дар ин мактаб ҳам сухан аз яке аз дастовардҳои даврони истиқлол - Китобхонаи калонтарини Осиёи Марказӣ рафта, маводи дар он ҷойгирбуда ба тариқи шифоҳӣ ба хонандагон расонида шуд.
Баъдан, ҳайати корӣ равонаи мактаби сеюм, ки дар маҳаллаи Хуҷанбиёи поён қарор дорад, равона гардиданд. Гурўҳи кормандони Китобхонаро дар муассисаи таҳсилоти умумии № 62-и ин маҳалла низ бахубӣ пазироӣ намуданд. Баронома дунболи маълумоти дақиқ додан сипас суҳбат ба суоли ҷавоб гузашт. Хонандагон суолҳои худро пешниҳод менамуданд, иддаи барои муҳлати кору иддаи дигар аз китобҳои нодиру ва баъзе аз хонандагон бештар хоҳони дастрасӣ доштан ба шабакаи интернет аст, ки маводи электронӣ ба даст оварда вориди ҷаҳони интернет гарданд.