Имрўз ифтихори Шуъбаи нигаҳдории депозитарӣ нусхаҳои қадима ва нодире мебошанд, ки дар ганҷинаҳои фарҳангии дунё ҳамто надоранд. Шумораи китобҳои нодире, ки дар Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ ҳифз карда мешаванд ба 649 нусха мерасад. Яке аз ин китобҳо таҳти унвони Таърихи форсии «Шоҳ Таҳмос-Қулихон» (История о персидском «Шах Тахмас Кулы-Хан». – Санкт-Петербург, 1762. – 398 с.) буда, оид ба миллати афғон дар саҳнаи таърихи ин сарзамин, ҳамчун халқу миллат ва давлат инъикос гардидааст. Дар он оид ба ваъзи сиёсӣ ва иқтисодии даврони шоҳигарии Ҳусейн пурра маълумот оварда шудааст. Китоби мазкур аз забони фаронсавӣ аз ҷониби Степан Решетов ба русӣ баргардон шудааст.