Таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши ин суруди мардумиро ба қарнҳои IX-X мансуб медонанд. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, чунки ин қарнҳои «тиллоӣ» фарзандони бузургеро парвариш намуда, тафаккури илмиву адабии тоҷикон дар ин давра қуллаҳои баландро фатҳ кард. Масалан, муаллифи мақолаи «Панҷ намуди фалак» Ҷ. Темурзода аз китоби «Ҷавоҳири қалб» чунин ривоятро меорад:
«Чун овозаи шеъри Ятимӣ дар саросари Мовароуннаҳр ва Хуросон паҳн гардид,