Фалак – мероси фарҳанги миллӣ
Таърихи фалак хеле куҳан буда, пайдоиши ин суруди мардумиро ба қарнҳои IX-X мансуб медонанд. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад, чунки ин қарнҳои «тиллоӣ» фарзандони бузургеро парвариш намуда, тафаккури илмиву адабии тоҷикон дар ин давра қуллаҳои баландро фатҳ кард. Масалан, муаллифи мақолаи «Панҷ намуди фалак» Ҷ. Темурзода аз китоби «Ҷавоҳири қалб» чунин ривоятро меорад:
«Чун овозаи шеъри Ятимӣ дар саросари Мовароуннаҳр ва Хуросон паҳн гардид, ўро Султон Маҳмуд ба дарбор хонд. Ятимӣ, ки нисфи зиёди умраш миёни мардум гузашта ва шеъраш сўзи беандозаи фироқ ва яъсу ноумедӣ буд, метарсид, ки ин навъ шеър ба шоҳ писанд намеояд. Ва метавонад, ки шеъраш қотили ў гардад. Бинобар ҳамин, чанд муддат даъвати шоҳро рад намуд. Ниҳоят ўро ба дарбор оварданд. Тез миёни шуарои аҳли Султони Маҳмуд соҳиби обрўи зиёд гардид. Гоҳо ба қасидаву рубоӣ ҳам даст мезад. Ва ахиран рўзе фаро расид, ки аз фалак ёд намуда чанд фалакӣ гуфт. Суруди фалакиаш ончунон пурсўзу гудоз буд, ки дили сангро мешикофт. Худаш онро ҳангоми дар боғи шоҳ танҳо монданаш месуруд. Интиҳои кор то бад-он расид, ки шоҳ аз сурудҳои фалакии Ятимӣ хабардор шуд. Ўро наздаш хонда ва гуфт: - Ба ту чӣ намерасад, ки ин қадар нолаҳои пурсўз мекунӣ…
Ятимӣ дар ҷавоб мегуфт.
- Шоҳам, дар кўҳистони дурдасти мо дониставу навиштан ва нахондани фалак гуноҳест азим. Ҳар як бандаи хокӣ ҳафтае як маротиба чун намози рўзи Одина мебояд ҷудо аз мардум ба баландии кўҳе рафта фалак хонад. Ва ончунон хонад, ки дил пора шавад ва аз дили санг гул рўяд. Ин посух ба шоҳ мақбул афтод ва Ятимиро рўзи Одина ҳамроҳ гирифта, ба баландии кўҳе мерафтанд ва дар он ҷо хайма зада, чанд лаҳзае фалаки ўро гўш мекарданд.».
Чунин ривоятҳо ва маълумотҳои бадеӣ сершуморанд ва ба таърихи фалак рўшанӣ меандозанд.
Шояд фалак яке аз нахустин жанрҳои мусиқиест, ки решаҳои он бо мусиқии тоисломӣ алоқаманд аст.
Фалак имрўз аслан сурудест, ки миёни мардуми кўҳистони тоҷик вуҷуд дорад. Махсусан, дар ноҳияҳои Кўлоб, Бадахшон, Дарвоз, Ванҷ, Қаротегин ва водии Ҳисор фалакро ҳамагон – пиру барно мепарастанд. Дар байни мардуми тоҷик хелҳои гуногуни ин жанр бо номҳои «фалаки даштӣ», «фалаки роғӣ» машҳур аст.
Дар тадқиқоти фалак ақидае ҳаст, ки асосан пайдоиши ин фалак аз деҳаи «Роғи» Афғонистон аст ва бо ҳамин хотир номи «Роғӣ»-ро гирифтааст. Дар Афғонистон он тоҷиконе, ки дар давраҳои гуногун аз кўҳистони Тоҷикистон фирорӣ шуданд, низ фалаксароӣ мекунанд.
Мардум дар фироқи ҷудоӣ аз хешу табор аз ду тарафи соҳили дарёи Панҷ барои таскини дил фалак мехонданд. Деҳаи «Роғи» Афғонистонро ҳамчун макони зисти хешу табори фирории худ ном мегирифтанд. Ҳамон шеърҳои «Роғӣ»-ро бо оҳанги фалак месароиданд, ин номгирӣ омили он гашт, ки оҳанги фалак ва матнҳои пур аз шиква дар хотири мардум бо номи «роғӣ»нақш бастанд. Чунин фалак таскинбахши дили мардум буд. Дар базму ҳамнишинҳо бештар аз роғ ва оҳанги он ёд карда, чунин пораҳоро аз осори шифоҳӣ месуруданд:
Рафтм сари навранга дидм роға,
Дар синаи реши худ мондм доға.
Гуфтм намурм як бор бубинум роға,
Армон ба дилм бимонд надидм роға.
Асосан, пайдоиши фалак аз минтақаи ҷанубу ғарбии кўҳистони Тоҷикистон сарчашма мегирад. Рушди таърихии фалак шаклҳои гуногуни онро ба вуҷуд овард. Бо мурури замон фалак шохаҳои худро паҳн кард, шаклҳои нав аз қобили фалаки сафарӣ, фалаки ғарибӣ, фалаки қаландарӣ пайдо шуд, ки ҳар кадоми он бо зарбу усул ва оҳанг аз як дигар фарқ мекунанд. Асоси пайдоиш ва тавлиди фалакҳои номбаршуда аз мақоми фалаки роғӣ сарчашма гирифтанд ва то ба даврони мо омада расидааст, аз устодони бузурги фалак шодравон Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Мусаввар Минаков, Сафармуҳаммад Муродов, Тағоймурод Хушвақтов, Давлатманд Холов ва дигарон маҳсуб мегарданд.
Хушбахтона 16-уми ноябри соли 2001 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ 10-уми октябр ҳамчун «Рўзи фалак» эълон гардид. Дар ин замина дар кишвар ансамбли «Фалак» таъсис гардид.
Ин масъала аз ҷониби олимону донишмандон ва пажўҳишгарон бетаваҷчуҳ намондааст. Донишмандону муҳаққиқон ва ҳаводорони ин санъати волои миллӣ - Фароғат Азизӣ «Маком и фалак как явления профессионального традиционного музыкального творчество таджиков» (Душанбе – 2009), «Фалак ва масъалаҳои таърихӣ-назариявии мусиқии тоҷик (Маҷмўаи мақолоти сеюмин симпозиуми байналмилалии Фалак)», Маърифат Абдуллоева «Фалаки кўлобӣ» (дастури таълимӣ, Душанбе – 2000), Д. Холов «Фалак» (дастури илмӣ-таълимӣ, Душанбе – 2011), А. Бобоев «Савти фалак ва фалаки Давлатманд» (Душанбе – 2006), Фаттоҳ Одина «Гулчине аз гулзори Фалак» (Мунтахаби сабти адвории таронаҳои фалак, Душанбе – 2004), «Таронаҳои фалак» (таҳия ва гузиниши Д. Обидов, С. Фатҳуллоев, Ф. Муродов, Душанбе – 2004), «Фалак» (мураттиб Ҳакимов Н. Ғ., Хуҷанд – 2007), Саъдулло Раҳимов, Аскаралӣ Раҷабов, Саъдулло Каримов, Умари Темур, Султоналӣ Худойбердиев, Шаҳобииддин Ҳақназаров, Ҷонибеки Асрориён, Салоҳиддин Фатҳуллоев, Файзалӣ Муродов ва дигарон таҳқиқоти мушаххасу ҷолиб ба анҷом расонида, китобу рисолаҳои гуногунро дар ин самт нашр намуда, дастраси хонандагону ҳаводорон гардонидаанд.
Зебунниссо Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёт
доир фарҳанг ва ҳунар